Вазирбеков: агар рӯзе дар Тоҷикистон пайдо шудам, бидонед, ки маро дуздидаанд.

Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дар Русия бо пахши баёнияи видеоӣ хабар дод, ки ҷонаш дар хатар аст ва аз мақомоти Русия хост аз ӯ ва хонаводааш ҳимоят кунанд.

Вазирбеков дар ин навор мегӯяд, дар шаҳри Хоруғ ба дунё омадаст ва 23 сол боз дар Маскав зиндагӣ мекунад, соли 2006 ба таври қонунӣ соҳиби шаҳрвандии Русия шудааст.  Дар идома ӯ қайд намуда, ки мақомоти Тоҷикистон шикори ӯро эълон кардаанд ва мехоҳанд шаҳрвандияшро лағв намуда, ба Тоҷикистон, ки шаҳрвандаш нест, истирдод кунанд.

Вазирбеков таъкид мекунад, ки  ҳадафи сафар ба Тоҷикистонро надорад ва агар рӯзе онҷо пайдо шуд, пас мақомоти Тоҷикистон ӯро дуздидаанд. Ва аз мақомоти интизомиву амниятии Русия хост ӯро ҳамчун шаҳрванди ин кишвар муҳофизат кунанд.

Вазирбеков шиносномаи Русияро нишон дода гуфт, ки дар муддати будубошаш дар Русия ҳеҷ қонуншикание анҷом надодааст ва аъзҳоя ягон гурӯҳи ҷиноӣ нест. Ӯ гуфт як соҳибкори инфиродӣ аст ва ба фаъолияти ҷамъиятӣ машғул буда, кушиш дорад то тартиботро дар байни мардуми Помир дар Русия нигоҳ дорад.

Вазирбеков мегӯяд, “тамоми фаъолияти ман дар моҳҳои охир ба он равона шудааст, ки пеши роҳи ҳамлаи мақомоти Тоҷикистон болои мардуми Бадахшонро, ки ман ҳам ҷузъи ин мардумам, бигирам. Ин на зидди қонунҳои Русия аст ва на  зидди қонунҳои Тоҷикистон. Вале чунин ба назар мерасад, ки бархе хеле мехоҳанд, ки ҳамаи мо хомӯш бишинем”.

Ба гуфтаи ӯ, агар мақомоти Тоҷикистон муваффақ ба лағв крадани шаҳрвандии русиягии ӯ нашаванд, имкони ҳар фитнаи дигар, аз ҷумла нобудсозии ҷисмониаш вуҷуд дорад.

Ёдовар мешавем, ки пештар Андрей Серенко, коршиноси рус дар шабакаи телеграмии худ аз сӯиқасд ба ҷони Ораз Вазирбеков, яке аз раҳбарони мардумии Бадахшон дар Русия хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, ду гурӯҳ аз Тоҷикистон, ки аз ҷониби кормандони воҳидҳои вежаи ВКД ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба кор ҷалб шудаанд, ғайриқонунӣ вориди Федератсияи Русия шуда, қасди аз байн бурдани Вазирбековро доранд.

То ҳол мақомоти Тоҷикистон ва Русия ба ин хабар вокуниш нишон надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳашт кишвари арабӣ ва исломӣ Исроилро маҳкум карданд

Вазирони корҳои хориҷии ҳашт кишвари арабӣ ва мусулмонӣ аз Исроил хостанд, ки ба иҷрои нақшаи таҳияшудаи ИМА барои хотима додан ба ҷанг дар Ғазза монеъ нашавад.

Ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар сардхонаҳои Ростов-на-Дону

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ, ҷасади 9 шаҳрванди Тоҷикистон дар яке аз сардхонаҳои шаҳри Ростов-на-Дону-и Русия нигоҳдорӣ мешаванд.

Бузургтарин ҳамлаи паҳподии Украина ба Маскав аз оғози ҷанг

Украина шаби 17 ба 18-уми августи соли 2026 яке аз густардатарин ҳамлаҳои паҳподии худро аз оғози ҷанг ба самти Маскав анҷом дод.

Дар Русия мехоҳанд шумораи муҳоҷиронро маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод карданд, ки сиёсати муҳоҷиратӣ боз ҳам сахттар ва шумораи хориҷиён то 3 миллион кам карда шавад.