Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Валентина Матвиенко

Валентина Матвиенко бо супориши Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро дар Қасри миллат дар бораи ҳодисаҳои атрофи Украина огоҳ кард.

Субҳи имрӯз Президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко мулоқот кард.

Ба навиштаи хабаргузории давлатии Русия “Тасс”, Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия зимни ин мулоқот паёми Владимир Путин, Раиси Федератсияи Русияро ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон расонидааст.

Расонаҳои давлатии Тоҷикистон дар бораи муҳтавои ин паёми Президенти Русия ба ҳамтои тоҷикистониаш дар хусуси ҳодисаҳои атрофи Украина бо сароҳат чизе нагуфтаанд, аммо “Тасс” менависад, ки хонум Матвиенко Раҳмонро огоҳ кард.

Сомонаи Президенти Тоҷикистон бидуни овардани номи кишварҳои даргир қораи Аврупо ва оғози ҳамлаҳои маргбори Русия ба Украина танҳо дар ҷумлаи охири гузориши худ гуфтааст: “Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба авзои зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳон, афзоиши низоъҳо дар баъзе минтақаҳо, вазъи сиёсии Афғонистон ва мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, табодули афкор сурат гирифт.”

Валентина Матвиенко пеш аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ ҳам мулоқот карда буд.

Гуфта мешавад, субҳи 24-уми феврали соли 2022 Русия ҳамлаҳои густурдаи низомии худро бар Украина оғоз кард ва то кунун ин ҳамлаҳо дар чанд ҷабҳа, аз он ҷумла ҷабҳаи низомӣ, иттилоотӣ ва гибридӣ идома доранд.

Ба гузориши Садои Олмон, мақомоти Украина теъдоди қурбониёни ин кишварро 137 нафар аз шаҳрвандони низомӣ ва мулкӣ эълон кардаанд ва инчунин гуфтаанд, ки дар ин набардҳо ҳудуди 800 низомии Русия низ кушта шудааст. Иттилое, ки то кунун мақомоти Русия онро таъйид ва ё такзиб накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Фаъоли Бадахшон Абру Алимардоншоев: Авф набояд интихобӣ бошад

Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон Абру Алимардоншоев аз равиши татбиқи қонуни авф, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон қабул шудааст, нигаронӣ кард.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Исроил бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Эрон

Пулис ва Хадамоти амниятии Исроил як шаҳрвандии Тоҷикистону Русияро бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Эрон боздошт кардаанд.

Тоҷикистону Русия мехоҳанд ба ҳуқуқи кории муҳоҷирон расидагӣ кунанд

Тоҷикистон ва Русия қасд доранд ҳамкориҳои худро дар самти ҳифзи ҳуқуқи кории муҳоҷирон ва беҳтар намудани шароити кори онҳо тақвият бахшанд.

Чаро яке аз маҳбубтарин ҳаҷвнигорони Тоҷикистон бе унвони давлатӣ аз дунё рафт?

Ин мақола танҳо дар бораи Бахтиёр Раҳимов нест, дар бораи ҳамаи ҳунармандоне аст, ки солҳои дароз ба фарҳанги тоҷик хидмат кардаанд, аммо танҳо баъд аз маргашон ҷомеа аз хидматҳои онҳо ёд мекунад.