Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Миср

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикитсон дар раъси як ҳайъати боломақоми Тоҷикистон озими

Акс аз Хадамоти матбуоти Президент

Субҳи ирмӯз, 9-уми марти соли 2022 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тайи як сафари расмӣ вориди Ҷумҳурии Арабии Миср шуд.

Бино ба иттилои Хадамтоти матбуоти Президент дар ин сафар “Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, маориф ва илм, кишоварзӣ, раисони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Палатаи савдо ва саноат, Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақил ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.”

Мақомоти Тоҷикистон дар бораи ҳадаф ва чандрӯза будани ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арабии Миср чизе нагуфтаанд. Аммо ба назар мерасад миёни Тоҷикистон ва Миср чандин созишномаи ҷадиде, аз ҷумла дар бораи тиҷорат, илм ва сармоягузорӣ ба имзо хоҳад расид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.