Эҳтимоли дидори Путин бо Зеленский

Расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти қарибулвуқӯъи Владимир Путин бо Владимир Зеленский хабар медиҳанд.

Бино ба иттилои бархе расонаҳои русӣ ба нақл аз CNN, 10-уми марти соли 2022 Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Тукрия пас аз анҷоми музокироти вазирони умури хориҷии Русия ва Украина дар шаҳри Анталия дар ҳузур хабарнигорон гуфта, ки Владимир Зеленский хостори мулоқот бо ҳамтори русиаш шуда буд ва Путин гуфта, “зид нест”, ки бо вай сари мизи музокирот рӯбарӯ бинишинад.

Ҳамзамон хабаргузории Форси Эрон ба нақл аз баъзе манобеи наздик ба Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия хабар дода, ки “мумкин аст дар ояндаи наздик дидори Владимир Путин бо Владимир Зеленский имконпазир шавад.”

Инчунин “РИА Новости” низ ба нақл аз сухангӯи Президенти Туркия Иброҳим Калин хабар дода, ки мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар ояндаи наздик имконпазир аст ва ба ин бовар кардан асос вуҷуд дорад.

Ин манбаъ меафзояд, ки Туркия ба миёнҷигарии худ барои расидан ба сулҳу субот дар Украина идома медиҳад, аммо: “Дар ниҳоят, шахсе, ки сухани охиринро дар ин масъала хоҳад гуфт, ин Президент Путин аст”, гуфтааст сухангӯи Президенти Туркия Иброҳим Калин.

Вазири хориҷии Русия Сергей Лавров ҳам дар суханронии худ дар Анталия таъкид кард, ки раисҷумҳури Русия “Путин аз мулоқот бо Президент Зеленский худдорӣ намекунад. Умедворем рӯзе чунин зарурат ба миён ояд. Аммо барои ин корро кардан корҳои муқаддимотие, ки дар нишастаҳои сеҷонибаи Белорус, Украина ва Русия довом доранд, бояд ба анҷом расонида шаванд.”

Влдамир Зеленский дар охири ҳафтаи гузашта низ хитоб ба ҳамтои русиаш гуфта буд, ки “ман ҳамсояам, набояд мисли Макрон ва Шолтс аз масофаи 30 митр бо ман мулоқот кунад, ман газанда нестам.., кишварро тарк кунад, агар тарк кардан намехоҳад сари мизи музокиро бо ман бинишанд.”

Хабар дар бораи эҳтимоли дидори сарони Русия ва Украина дар ҳоле ба сархати расонаҳои дунё роҳ ёфтааст, ки Владимир Зеленский борҳо аз тариқи расонаҳо хостори мулоқот бо Владимир Путин шуда, раисҷумҳури Русияро ба чолиш кашида буд, аммо дар муқобил то кунун ҳеч бор Президенти Русия расман ба вай посух надода ва нагуфтааст, ки барои мулоқот бо ҳамтои украианиаш омодааст ё хайр?

Бо ин вуҷуд, дар давоми 14 рӯзи ахир ҳайъатҳои музокиракунандаи Русия ва Украина се маротиба дар Белорус ва дирӯз ҳам вазирони умури хориҷии ҳар ду кишвар дар Туркия бо ҳам дидор музокироте доштанд, тамоми ин чор даври музокирот бенатиҷа ба анҷом расиданд.

Ҷанг дар Украина 16 рӯз боз идома дорад, Русия ҳамлаҳои худро ба шаҳрҳои Украина густариш дода, ба гуфтаи Сергей Лавров кишвараш “амалиёти махсуси низомиро дар Украина идома медиҳад.” Аз ҷониби дигар лаҳза ба лаҳза теъдоди қурбониёни ин ҷанг ва паноҳҷӯёни ин кишвар дар ҳоли афзоиш аст. Аммо мақомоти Украина нерӯҳои Русияро иғшолгар номида мегӯянд, аз кишвар ва сарзаминашон дифоъ карда, ҳамзамон барои расдан ба оташбаси доим талошҳои худро идома медиҳанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.