Муҳокимаи 19 шаҳрванди хориҷӣ дар Қазоқистон

Қазоқистон 19 шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла як тоҷикистониро ҳам бо иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаҳои моҳи январи соли ҷорӣ ба додгоҳ кашидан мехоҳад.

Бино ба иттилои “

Гуфтам мешавад, дар январи соли ҷорӣ даҳҳо ҳазор нафар сокинони Қазоқистон алайҳи сиёсатҳои ҳукумати кишварашон даст ба тазоҳуроти оммавӣ заданд ва баъди се рӯз ин тазоҳуроти мардумӣ ба хушунат кашида шуд.

Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон иштирокчиёни ин тазоҳуротро “тероррист” хонда, аз кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) кумак талаб карда буд. Дар натиҷа даҳҳо нафар куштаву захмӣ гардида, зиёда аз 3500 нафар боздошт шуда буд, ки ба гуфтаи мақомоти Қазоқистон дар байни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз он ҷумла аз Тоҷикистон низ вуҷуд дошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тоҷикистон барои дарёфти то 1,8 миллиард доллар бояд ислоҳот гузаронад

Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ метавонад дар солҳои 2026–2032 барои Тоҷикистон то 1,8 миллиард доллар маблағ ҷалб кунад.

Австрия дархости истирдоди Нуриддин Ризоиро низ рад кард

Додгоҳи Австрия дархости мақомоти Тоҷикистон барои истирдоди Нуриддин Ризоӣ — яке аз фаъолони собиқи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва паноҳҷӯи сиёсӣ дар ин кишварро рад кардааст.

ИДМ тамрини муштараки зиддитеррористиро оғоз мекунанд

Кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) омодагиро ба яке аз бузургтарин тамринҳои муштараки зиддитеррористии соли ҷорӣ оғоз карданд.

321 миллиард рубл даромади Русия аз муҳоҷирон

Дар якуним сол ба буҷети давлатии Русия аз бахши муҳоҷират 321 миллиард рубл (тақрибан 4 миллиард доллар) ворид шудааст.