Сафари 3 раҳбари кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба Киев

Раҳбарони се кишвари Аврупоӣ – Лаҳистон, Чехия ва Словения рӯзи 16-уми март барои дидор бо Зеленский ба Киев сафар карданд.

Тавре Дафтари матбуоти Президенти Украина хабар медиҳад, Владимир Зеленский бо нахуствазири Лаҳистон Матеуш Моравецкий, муовини нахуствазири Лаҳистон Ярослав Качинский, нахуствазири Чехия Петр Фиала ва сарвазири Словения Янез Янша дар Киев мулоқот кард.

Владимир Зеленский аз раҳбарони ин се кишвари аврупоӣ барои пуштибонии кишварҳояшон аз Украина ва ҳамчунин барои шахсан ба Киев сафар карданашон изҳори сипос кард. Ӯ ҳамчунин таъкид карда, ки бо пуштибонии онҳо ва доштани чунин ҳамсояҳои нек мардуми Украина пирӯз хоҳад шуд.

Ин се мақоми баландпояи аврупоӣ дар ҳоле вориди Киев шудаанд, ки дар атрофи ин шаҳр байни нерӯҳои украинӣ ва русӣ задухӯрди шадид ҷараён дорад.

Нахуствазири Лаҳистон Матеуш Моравецкий дар ин мулоқот таъкид карда, ки агар Украина дар ин ҷанг шикаст бихӯрад, Аврупо дигар Аврупои собиқ нахоҳад буд ва таъкид карда, ки Лаҳистон ҳамчун ҳамсояи наздик пуштибони қавии Украина боқӣ хоҳад монд.

Гуфта мешавад, намояндагони ин се кишвари аврупоӣ аз хатарнок будани сафарашон ба Украина воқиф будаанд ва ба ин хотир на бо ҳавопаймо, балки сафарашон бо қатора ба Киев сурат гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.