21.9 C
Dushanbe

Зеленский: Нокомии музокирот бо Путин таҳдиде бар ҷанги сеюми ҷаҳонист

Раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский рӯзи якшанбе гуфт, агар дар музокирот бо Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ноком шавад, “ҷанги сеюми ҷаҳонӣ” дунёро таҳдид мекунад.

Зеленский 20-уми март дар суҳбат бо хабаргузории CNN гуфт, дар ҳар ҳолат омодааст барои ҳалли низоъи пешомада бо Путин сари мизи музокирот нишинад. Аммо ӯ ҳушдор дод, ки дар сурати ноком шудани музокирот бо Путин эҳтимоли вуқуи “ҷанги сеюми ҷаҳонӣ” вуҷуд дорад.

“Ман омодаам бо ӯ гуфтушунид кунам. Ман давоми ду соли охир омода будам. Ва фикр мекунам, ки бидуни гуфтушунид мо наметавонем ба ин ҷанг хотима диҳем”, – гуфт Зеленский.

Раисҷумҳури Украина бар ин назар аст, ки гуфтушунид бо Путин бояд ҳарчи сареъ сурат бигирад. Ӯ мегӯяд: “Ман фикр мекунам, ки мо бояд аз ҳама гуна роҳу услуб ва ҳар гуна имконият истифода кунем, то тавонем гуфтушунид кунем, имкони гуфтугӯ бо Путин дошта бошем”.

Киев ва кишварҳои ғарбӣ ҷониби Маскавро ба он муттаҳам мекунанд, ки аз музокироти сулҳ бо Украина ба унвони як фурсат барои бозсозии нерӯҳои худ истифода мекунад. Аммо Маскав дар навбати худ Киевро муттаҳам кард, ки ба сулҳ рағбат нишон намедиҳад ва корро кашол медиҳад.

Аз шурути асосии Маскав барои музокироти сулҳ, даст кашидани Киев аз ҳамроҳ шудан ба НАТО ва блокҳои низомӣ аст, ки ҳафтаи гузашта Зеленский дар суханроние гуфт, ба қасд надорад, ки ба зудӣ ба НАТО бипайвандад.

“Таваққуфи ҷанг, кафолатҳои амниятӣ, барқарории тамомияти арзӣ”, аз шартҳои Киев барои баргузории музокиротанд  Маскав низ шурути худро эълон када буд: “Напайвастани Украина ба НАТО ва блокҳои низомӣ, эътирофи Қрим ҷузъи сарзамини Русия ва эътирофи мустақилияти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Луганск ва Донетск”.

Дар пайи музокироти бенатиҷаи ҳайатҳои музокиракунандаи Украина ва Русия расонаҳо аз эҳтимоли мулоқоти рӯбарӯи Путин ва Зеленский дар ояндаи наздик ҳарф заданд, аммо то кунун мулоқоти президентҳо сурат нагирифтаст.

Шуруъ аз бомдоди 24-уми феврал нерӯҳои Русия бо фармони Путин ба хоки Украина ҳамларо оғоз каданд. Маскав ин ҳамларо “амалиёти махсус” ном мебарад, аммо Киев Путинро “ғосиб” хонд. Ва аз оғози ҷанг то имрӯз, ки ҳудуди як моҳ мешавад, беш аз 3 миллион украинӣ ватани худро тарк карданд ва ҳазорҳо нафар бо шумули ғайринизомиён, занону кӯдакон куштаву захмӣ шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Собиқ раиси Конибодом зиндонӣ шуд

Собиқ раиси шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода ба 12 соли зиндон маҳкум шуд.

Нигаронии мақомот аз таълимоти динии ҷавонон

Мақомоти Тоҷикистон боз аз ҷалб шудани ҷавонон ба таълимоти - ба гуфти худашон - "ғайриқонунии динӣ" изҳори нигаронӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав сафар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои русаш Владимир Путин бо сафари корӣ ба Маскав рафт.

Аввалин сафари Аҳмад Шаръ ба Аврупо ва гуфтугӯҳои муҳим бо Макрон

Аҳмад Шаръ, раисҷумҳури Сурия пас аз суқути Башор Асад бори аввал аст, ки ба Аврупо даъват мешавад.