Куштори як оила бо шумули кӯдакони хурдсол дар Русия

Дар шаҳри Нижний Новгороди Русия як оилаи чаҳорнафарӣ, зану шавҳар ва ду кӯдаки хурдсол дар дохили манзилашон бо корд кушта шудаанд.

Акс аз сомонаи “vse42.ru”

Бино ба иттилои Раёсати тафтишотии минтақавӣ дар Нижний Новгород, субҳи 23 март ҷасади як марди 43-сола ҳамроиҳи ҳамсари 41-сола ва ду фарзанди 10 ва 4-соларо аз дохили манзили истиқоматашон пайдо кардаанд.

“Субҳи рӯзи чаҳоршанбе дар яке аз манзилҳо ҷасади як мард, як зан ва ду кӯдак пайдо шуд – дар ҳама ҷасадҳо захмҳои корд дида мешавад”, – мегӯяд сардори Раёсати тафтишотии минтақавӣ вилояти Нижний Новгород генерал-лейтенанти адлия Айрат Ахметшин.

Ба гуфтаи Айрат Ахметшин, “дар ҷои ҳодиса айни замон муфаттишони бо таҷриба ва муфаттишони криминалистии Раёсати тафтишотии вилоят ва афсарони пулиси фаврӣ фаъолият доранд. Додситонии вилоят тафтишотро оғоз карда, ҳолатҳои ҳодиса мушаххас карда мешаванд.”

Гуфта мешавад, ҳоло гунаҳкорони ин ҳодиса мушаххас нашудаанд, аммо мақомоти тафтишотӣ аз рӯи ин ҷиноят тибқи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Федератсияи Русия (Куштори ду ва зиёда аз ду нафар) парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.