7.9 C
Dushanbe

Қирғизистон марзҳояшро бо Тоҷикистон пурзӯр мекунад

Қирғизистон барои тақвияти марзҳояш бо Тоҷикистон аз Туркия ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор”, аз Имороти Муттаҳидаи Араб 40 мошини зиреҳпӯш, аз Русия  55 мошини зиреҳпӯши “Тигр” ва 50 мошини “КАМАЗ” харидааст.

Қамчибек Ташиев раиси КДАМ-и Қирғизистон дар суҳбат бо расонаҳо аз хатарнок будани вазъ дар марз бо Тоҷикистон таъкид кард ва гуфт, ки ин техникаҳои нав барои ҳимояи амнияти кишвараш ба вилояти Бодкенд фиристода мешаванд.

Ташиев мегӯяд, барои хариди техникаҳои нав аз будҷаи давлатӣ ҳудуди 2 миллиард сом (беш аз 20 миллион доллар) ҷудо шуда, аз касе барои хариди онҳо кумак нагирифтаанд.

Дар идома ӯ қайд кард, ки рӯзҳои наздик бо ҷалби ин техникаҳои нав, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор”, машқҳои ҳарбӣ доир хоҳад кард.

Содир Ҷабборов президенти Қирғизистон, ки дар супоридани ин техникаҳо ба Хадамоти марзбонӣ ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи кишвараш иштирок дошт, гуфт, ки “Соли гузашта барои ин ҳадафҳо аз буҷет 7,5 миллиард сом ҷудо шуда буд. Имсол барои таҳкими ҳифзи сарҳад ҳудуди 3 миллиард сом ҷудо мекунем.”

Қирғизистон дар ҳоле марзбонҳояшро бо техникаҳои навизамонавӣ муҷаҳҳаз мекунад, ки пайваста дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон муноқишаҳои мусаллаҳона сурат мегирад ва дар як соли охир аз ҳарду ҷониб 58 нафар ба ҳалокат расида, 270 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ суолгузорӣ мекунанд, ки Қирғизистон дар як соли охир нерӯҳои низомияшро дар марз бо техникаҳои нав муҷаҳҳаз карда, оё Тоҷикистон дар фикри пурқувват кардани марзҳояш ҳаст ва чаро дар ин бора чизе намегӯяд?

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.