26.9 C
Dushanbe

Сафари Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон

Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як сафари расмӣ шоми 28-уми март вориди Қазоқистон шуд.

Рустами Эмомалӣ, писари Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии таъсисёбии ин созмон баргузор мегардад, ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон сафар кард.

Шоми 28-уми март писари Эмомалӣ Раҳмонро, ки раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато, Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон ва намояндагони Сенати Парламенти ин кишвар пешвоз гирифтаанд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раисони чанде аз кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ кардаанд.

Рустами Эмомалӣ имрӯз 29-уми март бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев мулоқот намуда, муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии кишвар дар ҷаласаи Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ) бахшида ба 30-солагии Ассамблея иштирок ва суханронӣ кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.

Аз нишасти Қатар чӣ ҳолсил шуд?

Рӯзи душанбе, 15-уми сентябри соли ҷорӣ сарони 57 давлати арабӣ ва исломӣ бо баргузории ҷаласае дар шаҳри Давҳаи Қатар гирди ҳам ҷамъ омаданд.

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...