22.9 C
Dushanbe

Русия дар ҷанги Украина ақибнишинӣ мекунад?

Рӯзи 29-уми март ҳайати музокиракунандаи Украина ва Русия дар Истанбул давраи навбатии музокироти худро гузарониданд. Дар ибтидои ин вохӯрӣ раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон ширкат ва суханронӣ намуд.

Акс аз “РИА Новости”

Ҷониби Туркия музокироти навбатии ҷонибҳоро пурсамар хонд. Пас аз се соати гуфтушунид муовини вазири дифои Русия Александр Фомин ба хабарнигорон гуфт, Русия нерӯҳояшро аз аӣрофи Киев ва Чернигов ба самти Шимол қафо мекашад.

“Ба хотири тақвияти эътимоди байниҳамдигарӣ ва заминасозӣ барои гуфтугӯҳои ояндаву расидан ба ҳадафи ниҳоӣ, қарор шуд фаъолияти низомӣ дар самтҳои Киев ва Чернигов шадидан кам карда шавад”, – гуфт муовини вазири дифои Русия.

Бино ба иттилои расонаҳо дар давраи якуми ворхӯрии ҷонибҳо чунин пешниҳодот иро шудааст:

  • Напайвастани Украина ба НАТО ва қувваҳои низомии дигар дар баробари он Русия вазифадор шуда, ки амнияти Украинаро кафолат медиҳад;
  • Таҳияи созишнома дар бораи бетарафӣ ва мақоми ғайриҳастаии Украина;
  • Русия нерӯҳои худро аз атрофи Киев ва Чернигов берун мекунад;
  • Пешниҳод шуд, ки мулоқоти Путин ва Зеленский сурат бигирад ва ҳамзамон имзои созишномаи сулҳ аз ҷониби вазирони корҳои хориҷӣ баргузор шавад;
  • Киев кишварҳои аъзои Шӯрои Амнияти СММ, инчунин Олмон, Канада, Лаҳистон, Исроил ва Туркияро ҳамчун кишварҳои кафили сулҳи Украина пешниҳод кард; бояд кафил шаванд;
  • Пешниҳодоти матраҳ кардаи Украина дар мавриди созишномаи тарафайн ба Путин арза мешаванд ва сипас посух дода мешавад;

Ин буд чанде аз нукоти муҳими тавофуқоти имрӯзаи Киев ва Маскав. Аксари коршиносон аз ин мулоқоти ахир умеди бештари ба сулҳ расидани ҷонибҳоро доранд.

Аммо Раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ба гуфтаи Русия чандон бовар надорад ва мунтазир мемонад, ки Путин гуфтаҳояшро татбиқ мекунад ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ВКД аз боздошти ду гумонбар дар қатли ваҳшиёнае дар Рудакӣ хабар дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду гумонбар дар...

Куштору кӯдакон дар Ғазза ва иҷбори сокинон барои кӯч бастан

Бино ба гузориши расонаҳои исроилӣ, артиши ин кишвар рӯзи душанбе дар Ғазза 5 бинои маскунии баландошёнаро бомборон намуда, ба пуррагӣ хароб кард.

Шикояти ронандагон ва мусофирон аз роҳи Душанбе-Чаноқ ва посухи IRS

Баъзе аз ронандагону мусофирони роҳи Душанбе–Чаноқ аз он шикоят доранд, ки дар ин масир бояд роҳи алтернативӣ сохта шавад, чӣ гунае, ки дар дигар кишварҳо вуҷуд дорад.

Ба зодагонии Тоҷикистон дигар шаҳрвандии Русияро намедиҳанд?

Дар баробари дигар маҳдудиятҳо дар Русия мехоҳанд додани шаҳрвандӣ ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба тоҷикҳоро муваққатан боз доранд.