Уфти 8%-и сомонӣ дар баробари рубли русӣ

Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки арзиши пули миллӣ-сомонӣ дар баробари рубли русӣ 8 дарсад суқут кардааст.

Имрӯз, 8-уми апрели соли 2022 Бонки миллии Тоҷикистон арзиши рубли русӣ дар баробари пули миллӣ-сомониро 8 дарсад боло бурд ва 1 рубли русиро баробар ба 0,1634 сомонӣ таъйин кард.

Бонки миллии Тоҷикистон арзиши дигар арзҳои хориҷӣ ба мисли доллари амрикоӣ ва евроро бетағйир боқӣ монда, қурби 1$ 12.5000 ва 1€13,6438 сомонӣ таъйин кардааст.

Дар Ориёнбонк қурби 1000 рубли русӣ бар ивази 145 сомонӣ харид ва бо арзиши 156 сомонӣ фурухта мешавад, вале дар Алифбонк арзиши 1000 рубли русӣ ҳангоми харид 140 сомонӣ ва дар вақти фурӯҳ 161 сомонӣ таъйин шудааст.

Аммо дар Бонки Эсхата бошад 1000 рубли русиро бо қимати 145 сомонӣ мехаранд ва бо арзиши 163,2 сомонӣ мефурӯшанд. Аммо дар Ҳумо, ташкилоти қарзии хурд бошад, нисбат ба ин бонкҳо қурби рубли русӣ дар баробари пули миллӣ сомонӣ баландтар буда, онҷо 1000 рубли русиро бо қимати 155 сомонӣ харид ва бо арзиши 156 мефурӯшанд.

Бо ин вуҷуд, Бонки миллии Тоҷикистон қурби 1000 рубли русиро 163 сомониву 40 дирам таъйин кард, вале дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар муассисаҳои молии кишвар ин рақам фарқ мекунад.

Пас аз оғози ҳамлаҳои Русия ба Украина дар 24-уми феврали соли ҷорӣ қурби рубли русӣ дар баробари тамоми арзҳои хориҷӣ ба шиддат суқут карда буд, аммо дар давоми ду ҳафтаи ахир дар биржаҳои ҷаҳонии арзҳои хориҷӣ ба тадриҷ арзиши пешинаи худро касб кард.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.