Эъзоми “Лашкари 88” Эрон ба марзи Афғонистон

Бархе расонаҳои Эрону Афғонистон бо нашри чанд навори видеоӣ гуфтаанд, ки “Лашкари 88-и зиреҳӣ”-и Эрон дар марзи Афғонистон сафороӣ кардааст.

Акс аз ББС

Инчунин рӯзномаи “Интихоб” дар истинод ба Саид Хатибзода, Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфта буд, ки марзбонони эронӣ масъулият доранд, ки аз ҳар гуна тараддуди ғайриқонунӣ ҷилавгирӣ кунанд ва афзуда буд, “умедворем хештандории мо дар марзи Афғонистон боиси сӯи бардошти тарафи муқобил нашуда бошад.”

Пеш аз ин бархе расонаҳои Афғонистон иттилоъ дода буданд, ки қарор аст Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати муҳоҷирати Толибон дар раъси як ҳайъат ба Эрон сафар кунад, то дар мавриди чолишҳои марбути паноҳҷӯёни афғонистонӣ ва танишҳои ба вуҷудомада дар яке аз минтақаҳои марзӣ бо мақомоти эронӣ гуфтугӯ кунад.

Ахбори марбут ба наворҳо дар бораи шиддат гирифтани эҳтимоли афзоиши таҳдиди хатарҳо ва “ягонҳои зиреҳӣ(-и Эрон) дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи марз барои муқобила бо Толибон” дар ҳоле расонаӣ мешаванд, ки хабаргузории донишҷӯёни Эрон “ISNA” гуфтааст, “бархе аз ин филмҳо марбут ба артиши Эрон набуд.”  

Гуфта мешавад, марзи Дуғорун, минтақае, ки дар моҳҳои ахир борҳо мавриди танишҳои марзбонони Толибон бо марзбонони Эрон шуда, дар 228 километрии ҷанубу шарқи Машҳади Эрон ҷойгир буда, ба қавли хабаргузории расмии Эрон “ИРНА“, пас аз танишҳои ахир фаъолияташро аз сар гирифта, рӯзона аз 4 то 4,5 ҳазор нафар ва ҳудуди 500 мошинҳои гаронвазни борбар ҳам байни ду кишвар тараддуд мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.