7.9 C
Dushanbe

Донишҷӯён “ихтиёрӣ” ба артиш мераванд ё маҷбурӣ?

Беш аз 120 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Бохтар пас аз супоридани имтиҳони давлатӣ “ихтиёран” ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд.

Акс аз Asia-plus

Ба иттилои АМИТ “Ховар” дар истинод ба дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар маросими гусели наваскарон ба артиш устодони донишгоҳ, намоядагони Дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят иштирок намуданд.

Ба иддаои расонаҳои ҳукуматӣ, сафи хоҳишмандони хидмат ба Ватан рӯз то рӯз бештар гардида, донишҷӯён имтиҳонҳои худро пеш аз муҳлат супорида, ихтиёран ба артиш мераванд.

Аммо аз шикояти сокинон ва наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, бармеояд, ки баръакс ҷалби иҷбории донишҷӯёну ҷавон ба артиш ё “облава” бештар шудааст, на оне ки мақомот ва расонаҳои марбут ба Ҳукумати кишвар мегӯянд.

Чанд нафар аз донишҷӯёни донишгоҳҳову донишкадаҳои кишвар, ки имсол хатмкунанда ҳастанд дар суҳбат бо Azda tv гуфтанд, ки дар донишгоҳ онҳоро маҷбур доранд дар зери аризаҳои аз пеш омодашуда имзо гузоранд, то имтиҳонҳоро пеш аз муҳлат супурда ба артиш раванд.

Ба гуфтаи донишҷӯён онҳо мехоҳанд, таҳсилро дар бахши магистратура идома диҳанд, аммо раҳбарияти донишкадаҳоро маҷбур кардаанд, ки ба артиш донишҷӯёнро маҷбуран фиристанд. Як манбаи мо гуфт:

“Рӯз то рӯз раҳбарияти донишкада фишорро болоямон бештар мекунанд ва маълум нест, агар зери ин аризаҳои аз пеш омодашуда имзо нагузорем чӣ мешавад. Мо мехоҳем таҳсилро идома диҳем.”

Дар ҳамин ҳол Радиои Озодӣ хабар дод, ки дар даъвати баҳории имсола ба созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” танҳо дар Душанбе 200 арзу шикоят оид ба тарзҳои гуногуни ҷалби сокинон ба хидмати ҳарбӣ расидааст, ки аксари онҳоро донишҷӯён ташкил медодаанд.

Чанде пеш Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бар асоси мактуби раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон, бо ирсоли як мактуб ба ҳамаи хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон иҷозат дода буд, ки ихтиёран имтиҳони хатмро пеш аз муҳлат супорида, ба артиш раванд. Аммо дида мешавад, ки дар натиҷаи ин нома фишор болои донишҷӯён бештар шудааст.

Номаи Вазорати маориф ба хатмкунандагони донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон баҳси зиёдеро миёни сокинони кишвар ба бор овардааст.

Бештари сокинон ин амали мақомотро интиқод намуда гуфтаанд, ки “ин ба раванди омӯзишу азхудкунии дарсҳо халал мерасонад”.

Гурӯҳи хурди сокинон низ ҳастанд, ки аз иқдоми пешгирифтаи Вазорати маориф пуштибонӣ мекунанд.

Мавзуи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Ҳамасола дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ чандин сарбоз шиканҷа ва бар асари он ҷон медиҳанд. Бештари ҷавонони тоҷик аз сабаби номусоид будани шароити сарбозӣ аз артиш мегурезанд ва мақомот бо тарзи маҷбурӣ ё “облава” ҷавононро дар кӯчаву бозорҳо ва ҳатто аз назди донишгоҳҳо боздошт карда ба артиш мебаранд. Корбарон ва ҷомеаи мадании кишвар ин амали мақомдоронро ҳамеша мавриди баҳс қарор медиҳанд, аммо зоҳиран ин падида ҳал шуданӣ нест.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.