11.9 C
Dushanbe

Шоҳида Маҳмадҷонова ба зиндони Норак интиқол ёфт

Мақомоти Тоҷикистон пас аз ниҳоӣ шудани парвандаи Шоҳида Маҳмадҷонова рӯзҳои гузашта ӯро ба зиндони шаҳри Норак интиқол додаанд. Дар ин бора писари ӯ Шерзод Маҳмадҷонов ба расонаҳо хабар дод.

Шоҳида Маҳмадҷонова

Шерзод Маҳмадҷонов ба расонаҳо гуфт, модарашро ҳамин ҳафта аз СИЗО ба зиндони занонаи шаҳри Норак бурдаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7-уми апрели соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе хонум Маҳмадҷонаваро бо иттиҳоми “тарафдорӣ” аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” ба 6 соли зиндон маҳкум кард.

Дар рӯзи мурофиаи додгоҳӣ намояндаи додситонӣ ин модари тоҷикро ба он айбдор карда буд, ки ӯ гӯё ду маротиба дар шабакаи иҷтимоии Ютуб зери наворҳои писараш Шерзод Маҳмадҷонов маъруф ба “Абдураҳмон 09” ва “Ислоҳ+” зидди сохторҳои ҳукуматӣ шарҳ навиштааст.

Хонум Маҳмадҷонова низ дар рафти мурофиа он ду шарҳро моли худ дониста, гуфтааст, ки “худро гунаҳкор меҳисобад ва аз кардааш пушаймон аст”. Аммо мардум бар ин боваранд, ки хонум Шоҳида Маҳмадҷонова ин эътирофро зери фишор ба дӯш гирифтааст.

Вакили мудофеъ аз ҳукм норозигӣ карда, хоста буд, ки бинобар эътироф кардани зерҳимояш ба гуноҳи худ барои ӯ “ҷазои ғайриҳабсӣ татбиқ шавад. Аммо худи Шоҳида Маҳмадҷонова аз шикоят кардан ба зинаи болоӣ худдорӣ варзидааст.

Баъд аз эълони ҳукми додгоҳ Шерзод Маҳмадҷонов ва Муҳаммадиқболи Садриддин сардабири “Ислоҳ тв” аз омодагии худ барои ҳазфи наворҳое, ки гӯё дар зери онҳо хонум Маҳмадҷонова шарҳ навистааст, гуфта буданд.

Шоҳида Маҳмадҷонова, модари блогери тоҷики муқими Олмон Шерзод Маҳмадҷонов, маъруф ба Абдурраҳмон-09 аст, ки бо даъвати мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳадат рӯзи 3-юми феврали соли 2022 ба шуъбаи ВКД дар ин шаҳр ҳозир шуд ва аз онҷо бедарак гардид. Сипас Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон зери фишорҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон маҷбур шуд, ки 8-уми феврали соли ҷорӣ боздошти ӯро эътироф кунад.

Гуфтанист, ин қазия тамоми созмонҳои мухолифинро муттаҳид кард ва қариб ҳамаи онҳо дар алоҳидагӣ боздошти хонум Шоҳида Маҳмадҷоноваро маҳкум карда, аз Ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки фавран ӯро озод кунанд.

Бисёри аз фаъолон бар ин боваранд, мақомот Шоҳида Маҳмадҷоноваро ба хотири танқидҳои писараш аз режими Эмомалӣ Раҳмон равонаи зиндон кардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Беш аз 170 миллиард рубл даромад аз ҳисоби патенти муҳоҷирон

Дар соли 2025 шаҳрвандони хориҷие, ки дар Русия бо патент кор мекунанд, ба буҷети ин кишвар 172 миллиард рубл даромад ворид карданд.

13 тоҷик дар Русия ба ҳабси абад маҳкум шуданд

Яке аз додгоҳҳои Русия ҳукми 19 гумонбари ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл"-ро, ки 16 нафараш зодагони Тоҷикистон мебошанд содир кардааст.

СММ бо қабули қатънома аз Эрон хост ба кишварҳои Халиҷи Форс ҳамла накунад

Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид шоми рӯзи 11-уми март...

Аз ҷанг бар зидди Эрон 12 рӯз гузашт: Теҳрон аз шиддат бахшидани ҳамлаҳояш хабар дод

Бо ворид шудани ҷанги Амрико ва Исроил бо Ирон ба рӯзи 12-уми худ, нефт дар даҳҳо кишвари дунё ба таври нигаронкунанда гарон шудааст.