20.9 C
Dushanbe

Бозори истихроҷи маъдани Тоҷикистон аз чиниҳо ба дигарон мегузарад?

Ширкати “Vast Resources PLC”-и Британия дар як пружаи иктишофи маъдан дар Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард. Дар ин бораи

Бино ба иттилои ин вебгоҳ, ширкати “Vast Resources PLC” бо ширкати маҳалии ҶСК “ТАКОБ” қарордод баста, вале номи ин пружаи иктишофии нав ҳанӯз маълум нест. Тибқи қарордод ин ширкати бритонёӣ 12.25% ҳаққи имтиёз аз ҳама фурӯшҳои консентратҳои филизоти рангиро дарёфт кардааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки сармоягузорӣ дар ин пружа аз тариқи ширкати “Central Asia Minerals and Metals Ore Trading (CAMM)” сурат гирифтааст, ки 49% аз саҳмияи ин ширкат ба “Vast Resources PLC” тааллуқ дорад. Ширкати CAMM бо ширкати “ТАКОБ” тавофуқ кардаанд, ки дар як моҳ ҳудудан 7000 тонна санги маъдан тавлид кунанд, ки ҳаддиақал 1.5% -2% сурб, 1.4% рӯй (синк) ва 27% флуорид бошад. Дар гузашта ин маъдан низ дорои ҳаҷми каме нуқра ва тилло будааст.

Дар ҳоле, ки “Vast Resources PLC” 12,25% ҳаққи имтиёз аз фурӯши консентратҳои филизоти рангӣ ва дигар филизоти тавлидшударо дарёфт кардааст. Вале дар бораи сарнавишти тилло ва нуқраҳои эҳтимолан пайдомешуда чизе гуфта нашудааст.

Ширкати “ТАКОБ”, мутааллиқ ба корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО” мебошад. Адрев Прела мудири иҷроии “Vast Resources PLC” мегӯяд, Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷазби мутсақими сармояи хориҷӣ дар пружаҳои саноатӣ ва бахши маъдан эътимодсозиҳои зиёде анҷом додааст.

Ӯ меафзояд: “Шак надорам, ки муваффақияти пружаи мо боиси ҷазби сармояҳои хориҷии бештар дар Тоҷикистон хоҳад шуд”.

Ин дарҳолест, ки солҳои ахир танҳо ширкатҳои чинӣ дар бахши истихроҷи маъданҳои Тоҷикистон ҷазб мешуданд ва ширкатҳои русиву аврупоӣ ба хотири фасоди густарда дар идораҳои ҳукуматӣ, қатъи барқ, андозҳои миёншикан ва мушкилоти дигар фаъолиятҳои худро қатъ карда, аз бозори саноати Тоҷикистон хориҷ шуданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Кушта ва захмӣ шудани чанд нафар дар пайи ҳамла ба масҷиде дар Амрико

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд.

Сулҳ ё ҳамла? Трамп боз аз пешрафти музокирот бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таъхири ҳамлаи тарҳрезишуда ва "таҳаввули бисёр мусбат" аз раванди музокирот бо Эрон хабар дод.

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.