7.9 C
Dushanbe

Пирӯзии Шоира ва Руҳафзо ба ҳарифони худ дар Чемпионати ҷаҳонии бокс

Варзишгарони тоҷик Шоира Зулқайнарова ва Руҳафзо Ҳақназарова дар даври аввали муҳорибаашон дар Чемпионати ҷаҳонии бокс байни бонувон ҳарифони худро шикаст дода, ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

Руҳафзо Ҳақназарова 12-уми майи соли ҷорӣ дар даври аввали ин мусобиқа дар вазни 50 кг намояндаи Боливия Айда Санталларо шикаст дод.

Шоира Зулқайнарова варзишгари дигари тоҷик, 11-уми май  дар даври аввал бар намояндаи Қувайт Ҷ. Ноура пирӯз гардида буд.

Дар даври дуюми ин мусобиқаи ҷаҳонӣ Руҳафзо Ҳақназарова бо варзишгар аз Колумбия Ингрит Лорена Викториа ва Шоира Зулқайнарова бо Ҳадунг Ҷионг аз Корея рӯзи 15-уми май қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Чемпионати ҷаҳонии бокс байни бонувон рӯзи 6-уми май дар шаҳри Истанбули Туркия оғоз ёфта, то 21-уми май идома меёбад. Дар ин мусобиқа 419 варзишгар аз 93 кишвари дунё дар 11 вазн қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 4 варзишгар: Сумая Қосимова (то 48 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (то 50 кг), Миҷгона Самадова (то 57 кг) ва Шоира Зулқайнарова (то 63 кг) намояндагӣ мекунанд.

Ду варзишгари дигари тоҷик, Сумая Қосимова (48 кг) дар даври аввал аз Севда Асенова (Булғористон) ва Миҷгона Самадова (57 кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Йу Тинг-Линг (Тайван) мағлуб шуда, аз идомаи муҳорибаҳо маҳрум гардиданд.

Гуфта мешавад, фонди ҷоизавии мусобиқа 2,4 миллион долларро ташкил медиҳад.

Барои ҷои аввал $100 ҳазор мукофоти пулӣ пешбинӣ шуда, варзишгароне, ки ҷойҳои дуюм ва сеюмро мегиранд, $50 ҳазор ва $25 ҳазор долларӣ дода мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.