Сафар намояндагони парлумони Тоҷикистон ба Боку

Субҳи 16-уми май Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар раъси як ҳайат аз вакилони парлумони кишвар ба шаҳри Боку сафар кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, ҳайати вакилони парлумони кишват бо ҳадафи иштирок дар кори Конфронси 3-юми генералии Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ, ки рӯзҳои 17 ва 18-уми май дар шаҳри Боку пойтахти Озарбойҷон баргузор мешавад, сафар кардаанд.

Санаду созишномаҳое, ки дар доираи Ассамблеяи Парлумонии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ба имзо мерасанд, “аз ҷумла Созишнома дар бораи тиҷорати транзитӣ, Созишнома дар бораи боркашонии транзитӣ дар минтақа ва Созишномаи тиҷоратии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ барои рушди тиҷорат, ҳамчун унсури асосии ҳамкориҳои минтақавӣ дар кишвари мо ниҳоят муҳим” арзёбӣ мешаванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Оё дар Душанбе об ҳам “лимит” шудааст?

Сокинони шаҳри Душанбе аз қатъшавии пайдарпайи оби нӯшокӣ шикоят доранд

Дар Лахш як ҷавон бо гумони қаллобӣ боздошт шуд

Кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш як сокини 26-солаи ноҳияро бо гумони қаллобӣ боздошт карданд. Мақомот аз ӯ Маҳмадшарифзода Б. ном бурдааст.

Даргириҳо дар Яман: ҳар ду тараф аз пешрафт дар ҷабҳаҳо хабар медиҳанд

Даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати эътирофшудаи Яман ва ҷунбиши Ҳусиҳо дар чанд минтақаи ин кишвар идома дорад.

“Бедор мешавем!”: Рейди беш аз 500 муҳоҷир дар ҷойи хоб

Пулиси Русия субҳи барвақти 5-уми октябр дар чаҳор сохтмон дар ноҳияи Приморскийи шаҳри Санкт-Петербург рейд гузаронида, муҳоҷирони зиёдеро дастгир кардааст.