Нигаронии Гуттериш аз куштори сокинон дар Бадахшон

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш аз афзоиши ташаннуҷ ва хушунат дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ)-и Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Сухангӯи СММ Стефан Дуярич рӯзи 19-уми май дар нишасти матбуотӣ аз нигаронии Гутерриш ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба гуфтаи Дуярич, Дабири кули СММ аз тарафҳо хостааст, ки тамоми кӯшишро барои ба таври осоишта ҳал кардани вазъияти ҳозира ба кор баранд. Ӯ ҳамчунин афзуда, ки СММ вазъиятро бодиққат пайгирӣ хоҳад кард.

Қаблан намояндагии дипломатии Иттиҳодияи Аврупо, сафоратҳои Фаронса, Олмон, Британияи Кабир ва ИМА дар Тоҷикистон, Дабири Кулли Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, хонум Ҳелга Мария Шмит,  созмони Дидбони ҳуқуқи башар ва Мариус Фоссум намояндаи Кумитаи норвежии Ҳелсинкӣ аз воқеаҳои охири ВМКБ изҳори нигаронӣ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 16-уми май ба ин тараф вазъ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони ВМКБ печида аст. Дар пайи эътирози сокинони Хоруғу Рӯшон, аз ҷониби мақомот беш аз 30 сокини маҳаллӣ бераҳмона кушта шуда, 124 нафари дигар боздошт шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздошти як тоҷик дар фурудгоҳи Модлини Лаҳистон бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ

Кормандони Хадамоти марзбонии Лаҳистон дар фурудгоҳи Варшава–Модлин як шаҳрванди 31-солаи Тоҷикистонро боздошт карданд.

Оғози давраи нави машваратҳо байни Тоҷикистону Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола

Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико пас аз танаффуси чаҳорсола даври даҳуми машваратҳои солонаи сиёсиро дар шаҳри Вашингтон баргузор карданд.

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Бахтиёр Раҳимов даргузашт

Ҳунарманди маъруфи тоҷик ва роҳбари гурӯҳи ҳаҷвии «Ғарибшо кампания» Бахтиёр Раҳимов шаби 30-юми июн дар синни 56-солагӣ даргузашт.

Коҳиши дархости паноҳандагии тоҷикистониён аз Лаҳистон

Аз аввали соли ҷорӣ 62 шаҳрванди Тоҷикистон дар Лаҳистон дархости паноҳандагӣ додаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта 3% кам аст.