7.9 C
Dushanbe

Тарси мақомот аз фитнаҳои худ дар Бадахшон

Ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаҳои ахири Бадахшон талош дорад, ки худро дар чашми мардум ва ҷомеа “бегуноҳ” ва эътирозгаронро “ҷинояткор” нишон бидиҳанд.

Акс аз манбаъҳои боз

24-уми майи соли 2022 дар шабаҳои иҷтимоӣ навори 16-дақиқаие зери унвони “

Бар асоси қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон ҳеч кас ҳуқуқ надорад каси дигареро бидуни ҳукми додгоҳ ҷинояткор бигӯяд. Аммо муаллифони ин филми номустанад, асли “эҳтимоли бегуноҳӣ”-ро нодида гирифта, такрор ба такрор иштирокчиёни тазоҳуроти ахирро ба узвият дар “гурӯҳҳои ҷинояткор ва террористиву экстримистӣ” муттаҳам карданд.

Ин дар ҳолест, ки то ҳол на ягон ниҳоди давлатӣ дар мавриди ин ҳодисаҳо пурра таҳқиқ накардаву парвандаҳои иштирокчиёнро пурра баррасӣ накардааст ва на ҳукумат ҳам ба ягон ниҳоди мустақиле иҷозат надодааст, ки дар ин бора таҳқиқ кунад.

Бону Улфатхоним Мамадшоева ва собиқ шавҳараш генерал Холбаш Холбашов, ки аз қаҳрамонони асосии филми “шикасти фитна” ҳастанд, зери кудом шароите ба “ҷурми” худ “эътироф” кардаанд, маълум нест, аммо ду рӯз пеш аз нашри ин навор ВКД дар бораи боздошти беш аз 46 нафар аз иштирокчиёни тазоҳуроти ахири ин вилоят хабар дода буд, дар сару рӯйи аксари онҳо осори шиканҷаҳои ҷисмонӣ ба вузӯҳ дида мешавад.

Ҷолиб он аст, ки бо гузашти қариб як шабонарӯз аз нашри ин навори мақомоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллии Тоҷикистон то ҳол ягон расонаи расмии чопӣ мансуб ба ҳукумат ва ниҳодҳои он дар бораи ин филм чизе нагуфтаанд. Аммо дар шабакаҳои иҷтимоӣ фейкҳои наздик ба ВКД ва КДАМ ва хеле аз мувофиқони ҳукумат низ ҳама бо ҳама даст дода, ба таблиғу тарғиби он машғул шудаанд.

Дар ҳоле, ки “эҳтимоли бегуноҳӣ” дар таҳияи ин гуна филмҳо аз ҷониби ВКД ва КДАМ риоят намешавад, тибқи қонунгузории кишвар ин кори мақомот дар зоти худ як навъ ҷиноят аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон дар рафти мубориза бо мухолифин ва эътирозгарони норозӣ аз сиёсатҳои ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон аз ин усулҳо зиёд истифода мекунанд.

Гуфта мешавад, мақомоти Тоҷикитсон ба хотири расидан ба мақсадҳои худ борҳо аз усулҳои “шантаж”, таҳдид ва таҳмили фарҳанги тарсу ҳарос бар сари мардум аз чунин усулҳо истифода кардаанд. Аммо воқеият ин аст, ки ин кори мақомот худаш як навъ фитна аст. Ба ин хотир, метарсанд ошкоро номи муаллифони чунин филмҳояшонро бигӯянд ва масъулияти ончи дар онҳо иддао мешавад, бипазиранд.

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.