18.9 C
Dushanbe

Ба муҳлати ҳабси Иззат Амон боз 6 соли дигар илова шуд

Дирӯз, 6-уми июн додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба муҳлати ҳабси Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия боз 6 соли дигар илова кард.

Гуфта мешавад, ҳукм дар ҳузури даъвогарон, вакили мудофеъ ва пайвандони Иззат Амон эълон шудааст.

Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки омода буданд, пули даъвогаронро дар ҳузури додрасу додситонӣ пардозанд, “вале бе ягон пурсишу посух ҳукмро хонданду рафтанд.”

Яке аз даъвогарон ҳам суханони Маҳадюсуфро тасдиқ карда гуфтааст, ки онҳоро наздикони Иззат Амон ба мурофиа хоста буданд, то биоянду пулҳои худро дар толори додгоҳ бигиранд. Аммо додрас назари онҳоро напурсида, ҳукмро эълон кардааст.

Пайвандони Иззат Амон мегӯянд, бозбинии ҳукмро тақозо хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки пештар Додгоҳи олии Тоҷикистон дархости онҳоро барои бозбинии ҳукми пешинааш рад карда буд.

Иззат Амон ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия баҳори соли 2021 бо баҳонаи риоя накардани қоидаҳои будубош ва аз роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани мақоми шаҳрвандии он кишвар аз Русия ба Тоҷикистон ихроҷ ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Мақомоти Тоҷикистон сабаби боздошти ӯро қаллобӣ гуфта, алайҳи ӯ парванда сохтанд ва 19 октябри соли 2021 бо ҳукми додгоҳ барои напардохтани 220 сомонӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуд.

Мақомот чанд моҳи пеш бар зидди Иззат Амон парвандаи нав боз карда, гуфта буданд, ки ду даъвогар баргардондани 17 ҳазор доллари худро хостаанд.

Пайвандони Иззат Амон гуфта буданд, ки муомила солҳо пеш сурат гирифта, пули даъвогарон дода шудааст, аммо ба хотири раҳоии ӯ омодаанд, ин маблағро дубора бисупоранд.

Баъд аз ин ҳукми навбатӣ, бархе бар ин назаранд, ки мақомот ҷонибдори баргардондани пули даъвогарон ва раҳоии Иззат Амон нестанд, балки мехоҳанд муҳлати ҳабси ӯ дарозтар шавад.

Тарафдоронаш ӯро бегуноҳ мешуморанд ва мегӯянд, парвандаи Иззат Амон сиёсист ва ӯ барои танқидҳои ошкораш аз ҳукумат ва раҳбарони Тоҷикистон ба зиндон андохта шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.