Чаро Далери Имомалиро писари вазиру домоди судя зад?

Прокуроре, ки журналист ва блогери тоҷик Далери Имомалиро задааст, писари Вазири адлия ва домоди раиси Суди олӣ мебошад, мегӯянд, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ.

Далери Имомалӣ

Бо гузашти 4 рӯз аз лату кӯби журналист ва блогери тоҷик Далери Имомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҳамоно ин қазия дар сархати расаҳонаҳои тоҷикистонӣ қарор дорад ва бо мурури вақт гардишҳои наверо дар худ ба вуҷуд меорад. Аммо то ҳол расман номи касоне, ки ин хушунатро раво дидаанд, расман ошкор нашудааст.

Аз сӯи дигар асли ҳамроҳ шудани Рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон ва ҳафтаномаи “Минбари халқ”, нашрияи расмии Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон ба ҷамъи созмонҳо ва расонаҳое, ки аз Далери Имомалӣ ҳимоят кардаанд, бесабаб набуд.

Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олии Тоҷикистон

Ба иборати дигар, дар раъси ҳукумат хуб медонанд, ки “даст ба гиребон шудан” бо прокурори “муштзӯр”-е, ки писари Вазири адлия ва домоди Раиси Суди олӣ аст, дар шароити ҳозираи Тоҷикистон кори осоне нест. Шояд ба ҳамин хотир дар мақомот касоне, ки мехоҳанд аз ин қазия ба нафъи худ сӯиистифода ва бардоштҳои сиёсӣ кунанд, домани эътирозҳо ва додхоҳиҳоро рӯз то рӯз васеътар мекунанд.

Барои мисол, тамоми ҳизбҳои кисагӣ ва ба ном сиёсии Тоҷикистон то дирӯз ҳама хомӯш буданд, аммо пас аз изҳороти созмонҳо ва расонаҳои Тоҷикистон

Музаффар Ашӯриён, Вазири адлияи Тоҷикистон

Аммо имрӯз, 7-уми июни соли 2022 дар Вазорати адлияи Тоҷикистон ба Аздо тв гуфтанд, ки иттилоъ дар хусуси он ки писари Музаффар Ашӯриён, Вазири адлияи Тоҷикистон ва домоди Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олии Тоҷикистон Далери Имомалиро задааст, “асоси воқеӣ надорад.”

Бо ин вуҷуд, агар қазияи Далери Имомалӣ аз як сӯ барои дур задани афроки ҷомеа аз қатлу куштори оммавии сокинони осоишта дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тарҳрезӣ шуда бошад, аз сӯи дигар ба хотири латма задан ба кариераи сиёсии Вазири адиля ва Раиси Суди олӣ роҳандозӣ шудааст.

Акнун суоли матраҳ ин аст, ки кӣ ҷуръат карда, ин прокурори “муштзӯр”-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахтро ба бозӣ дарорад, то аз ин тариқ тавонад кариераи сиёсии Музаффар Ашӯриён, Вазири адлия ва Шермуҳаммад Шоҳиён, Раиси Суди олии Тоҷикистонро “хадшадор” кунад?

Амруллоҳи Низом, махсус барои Аздо тв

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.