26.9 C
Dushanbe

ИМА: Ҷамол Хошуқҷӣ номи хиёбони мубоқили сафорати Саудӣ дар Вашингтон

Дар Амрико номи хиёбони муқобили сафорати Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро ба исми хабарнигори тика-тика шуда Ҷамол Хошуқҷӣ тағйир доданд.

Ҷамол Хошуқҷӣ

Ба гузориши ББС, Шӯрои шаҳри Вошенгтон ДС дар Иёлати Муттаҳидаи Амрико пас эълони барномаи сафари Ҷо Бойдан ба Ховари Миёна, аз он ҷумла ба ар-Риёз хиёбони муқобили сафорати Арабистони Сауидиро ба номи хиёбони Ҷамол Хошуқҷӣ табдил доданд.

Тафтишоти хадамоти истихборотии Амрико, ки соли гузашта нашр шуд, нишон медиҳад, ки Муҳаммад бин Салмон валиаҳди Арабистони Саудӣ фармони қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори интиқодаги ин кишварро шахсан додааст, ҳарчанд ӯ инро рад мекунад.

Қарор аст, Ҷо Байден моҳи оянда дар раъси як ҳайати баландпояи Амрико вориди Арабистони Саудӣ шавад ва бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди ин кишвар, ки амалан идораи давлатро дар даст дорад, мулоқот кунад.

Дар вокуниш ба ин хабар, бархе ҳомиёни ҳуқуқи башар, аъзои Конгресси ИМА ва чанд тан аз мақомоти маҳаллии Вашингтон рӯзи панҷшанбеи 16-уми июни соли 2022 дар назди бинои сафорати Арабистони Саудӣ дар Ню Ҳемпшир барои пардабардорӣ аз лавҳаи нав бо навиштаҷоти “хиёбони Ҷамол Хошуқҷӣ” ҷамъ омада буданд.

Гуфта мешавад, рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ дорои ду шаҳрвандӣ: Арабистони Саудӣ ва Амрико буд. Вай 2-уми окятбри соли 2018 дар дохили сафорати Арабистони Саудӣ дар Туркия ба таври бераҳмона кушта шуд ва ҷасадашро тика-тика карда, аз дохили сафорати ба берун интиқол дода буданд.

Ин хабар дар сатҳи ҷаҳонӣ ба вокунишҳои тудне алайҳи омирони ин қатл рӯбарӯ шуд. Амрико аз шаҳрванди худ – тавре амрикоиҳо интизор доштанд – ҳимоят накард, вале акнун бархе расонаҳо Кохи Сафедро ба он муттаҳам мекунанд, ки Ҷо Бойдан бо анҷоми ин сафари худ ба ар-Риёз ҳуқуқи башарро ба нефт тарҷеҳ медиҳад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чархаи 7-уми НБО-и “Норак” фаъол шуд. Оё “лимит” аз байн меравад?

Рӯзи 24-уми апрели соли 2026 чархаи 7-уми Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" бо ҳузури раисҷумҳури кишвар Эмомлаӣ Раҳмон ба кор оғоз кард.

Бонкҳои Тоҷикистонро аз рӯйхати сиёҳи ИА берун карданд

Иттиҳоди Аврупо бонкҳои марбут ба наздикони Эмомалӣ Раҳмонро аз рӯйхати сиёҳаш берун кард.

Суръати интернет дар Тоҷикистон беҳтар шуд?

Тоҷикистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии суръати интернет беҳтар кард.

Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон: барканориҳо ва таъйиноти нав дар чанд ниҳод

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон тағйироти кадриро дар сохторҳои гуногуни давлатӣ анҷом дод.