35.9 C
Dushanbe

Сӯиистифодаи муфаттишони парвандаҳои Далеру Абдулло

Муфатташини парвандаҳои рӯзноманигорон Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ бо сӯиистифода аз ваколатҳои хидматӣ ба наздикони онҳо иҷозати мулоқот намедиҳанд.

Ба гузориши Радиои Озодӣ, бо гузашти як ҳафта аз замони боздошти рӯзноманигорони тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдулло Ғурбатӣ то ҳол пайвандони онҳо натавонистаанд, ки бо азизонашон дидор ва мулоқот кунанд.

Ин расона дар истинод ба қавли наздикону пайвандони онҳо навишатааст, ки азизони Далеру Абдулло ҳар рӯз ба хотири дидорбинӣ бо онҳо назди боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мераванд, вале муфаттишон ба онҳо иҷозат намедиҳанд, то даромада аз аҳволи онҳо бо хабар шаванд.

Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшинос ва вакили пешин гуфтааст: “Муфаттиш ҳақ надорад, барои хешу табори наздик иҷозаи вохӯрдан надиҳад. Аммо дар Тоҷикистон муфаттишон бисёртар аз ин сӯистифода мекунанд ва иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд.”

Ба гуфтаи Шуҳрат Қудратов, бархе муфаттишон дар хеле ҳолатҳо аз ваколатҳои худ ҳадди аксари сӯиистифодаро мекунанд ва “гоҳо мешавад, ки ҳатто ба худи ҳимоятгар ҳам иҷозаи вохӯрӣ намедиҳанд. Дар парвандаҳои пурсарусадо онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба адвокат ҳам вохӯрӣ надиҳанд ва аз ваколатҳои худ сӯистифода мекунанд.”

15-уми июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Айнӣ рӯзноманигор ва блогери тоҷик Далери Абдулло боздошт ва ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд ва бегоҳи худи ҳамон рӯз ҳамкори ӯ Абдулло Ғурбатӣ низ аз ҷониби мақомоти интизомӣ дар шаҳри Душанбе боздошт ва сипас ҳар ду ба ҳабс гирифта шуданд.

Пеш аз ин боздошт низ Далери Имомалӣ тавассути кормандони мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт низ боздошт ва мавриди бозпурсӣ қарор гирифта буд. Дар он вақт гуфта мешуд, ки яке аз прокурорҳои ин ноҳия, ки писари вазири адлияи Тоҷикистон ва домоди раиси Суди олӣ аст, бо раво доштани зӯргӯӣ ва хушунат ӯро чанд мушту шаппотӣ ҳам задааст. Раво доштани ин хушунат алайҳи Далери Имомалӣ мавҷе аз вокунишҳоро дар дохили кишвар ба вуҷуд оварда буд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳар дуи ин хабарнигори тоҷикро бар асоси бархе моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон муттаҳам карда, айни замон бо ҳукми суди ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба муддати ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар ҳам дирӯз, 22-уми июн бо нашри як баёни аз Ҳукумати Тоҷикистон хост, ки ҳар дуи хабарнигорон ва блогерони тоҷикро фавран озод карда, парвандаи онҳоро қатъ кунад, зеро дар кори онҳо ҳеч гуна қонуншикание дида намешавад.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикитсон муфаттишони парвандаҳо аксаран дар ҳолатҳое ба наздикону пайвандони афроди боздоштшуда иҷозати мулоқот намедиҳанд, ки осори латукӯб ва шиканҷаи мақомот дар сару рӯ ва бадани боздоштшудаҳо дида шавад.

Ин амр боис шудааст, ки наздикону пайвандони ин рӯзноманигорони тоҷик низ бо диди шубҳа ва ба муфаттишони парвандаҳо ва адвокати онҳо муносибат карда, гапи онҳоро дар хусуси он, ки мегӯянд, аҳволи Далеру Абдулло хуб ҳаст, зери шубҳа бурда, мегӯянд: “Агар ҳамааш хуб бошад, пас чаро онҳоро нишон намедиҳанд?”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ДБҶ ҳукми боздошти ду раҳбари Толибонро содир кард

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ (ICC), воқеъ дар шаҳри Ҳагаи Нидерландия, барои ду раҳбари аршади Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ ҳукми боздошт содир намуд.

Гуфтугӯҳо миёни Трампу Натанёҳу ба чӣ анҷомид?

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил рӯзи душанбе барои мулоқот бо Доналд Трамп ба Амрико сафар кард.

Ҳукми зиндони Дилмурод маълум шуд

Мақомоти Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.