Намояндаи Парлумони Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон хост аз Путин мизбонӣ накунад

Яке аз намояндаҳои Парлумони Иттиҳоди Аврупо аз Эмомалӣ Раҳмон хостааст, ки аз Владимир Путин мизбонӣ накунад.

Рӯзи 27-ми июни 2022, Урмас Пает (Urmas Paet), сиёсатмадори аҳли Эстония ва намояндаи ин кишвар дар Парлумони Аврупо дар вокуниш ба ҳамлаи рокетии Русия ба як маркази тиҷоратӣ дар шаҳри Кременчуки Украина аз Тоҷикистон даъват кардааст аз Президенти Русия мизбонӣ накунад.

Дар пайи ҳамлаи мушакии Русия ба  маркази тиҷории шаҳри Кременчуки Украина 18 нафар кушта ва 59 каси дигар захми шуданд ва ин ҳамла маҳкумияти ҷаҳониро дар пай доштааст.

Гуфтанист, Урмас Пает(Urmas Paet)сиёсатмадори аҳли Эстония ва Намояндаи ин кишвар дар Парлумони Аврупо мебошад, у солҳои 2005-2014 муовини вазири умури Хориҷаи Эстония будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.