Миннатдории тоҷири тоҷик аз Толибон

Кормандони истихбороти Толибон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон 36 ҳазору 300 доллари як тоҷири тоҷикро, ки як “қаллоб” гирифта гурехта буд, ёфта бозпас ба ӯ доданд.

Кумитаи истихбороти ҳукумати муваққати Толибон дар Афғонистон хабар додааст, ки коршарики як тоҷири тоҷикистонӣ, ки ӯ пулҳои худро ба ҳайси амонат дар назди вай гузошта буд, маблағҳоро гирифта фирор кардааст, вале пас аз шикояти ин тоҷир нерӯҳои истихборотӣ “қаллоб”-ро дастгир карда, пулҳои тоҷири тоҷикистониро пурра баргардонда, ба ӯ доданд.

Дар навори дигаре ҳам ин тоҷир худро шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ карда, бо миннатдорӣ аз Толибон мегӯяд, ки дар Шерхон Бандар кор мекард ва “пайсаҳои худро пеши Ҷон муҳаммад амонат гузошта будам, 36 ҳазору 300 доллар, ӯ одам гурехт, ба кумаки муҷоҳидин, ба кумаки амнияти Қундуз ва ба ёрдами ҳаминҳо пайсаҳоро ба даст овардам. 36 ҳазору 300 доллари амрикоӣ.”

Гуфта мешавад, аз замоне, ки Толибон дубора дар 15-уми августи соли 2021 дар Афғонистон сари қудрат омаданд, тибқи ҳисобҳои омории Тоҷикистон, тиҷорати молу колоҳо байни ду кишвар ҳудуди 30 дарсад нисбат ба гузашта афзоиш доштааст ва доду гирифти тоҷирон ҳам дар Шерхон Бандар-Панҷи поён зиёдтар шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...