Киштии Русия, ки ғалладонаи Украинаро мебурд, дар Туркия боздошт шуд.

Як киштии боркаши Русия бо гумони дуздӣ ва қочоқи ғалладонаи Украина аз ҷониби нерӯҳои дарёии Туркия боздошта шуд.

Дар ин бора шоми рӯзи якшанбе сафири Украина дар Туркия Василий Боднар ба расонаҳо хабар дод.

Тавре расонаҳо бо такя ба гузориши хабаргузории “Reuters” иттилоъ медиҳанд, Украина қаблан аз мақомоти Туркия талаб карда, то киштии борбари “Жибек Жолӣ”-ро, ки бо парчами Русия ба роҳ баромадааст, боздошт кунад.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Украина Олег Николенко бо такя ба иттилои мақомоти дарёии Украина рӯзи ҷумъа ба хабаргузории “Reuters” гуфта, ки киштии “Жибек Жолӣ” дар марҳилаи аввал тақрибан 4500 тонна ғаллаи украиниро аз бандари Бердянск дар ҷануби Украина бор кардааст.

Дар ҳамин ҳол сафири Украина дар Туркия гуфта, ки сарнавишти киштӣ имрӯз душанбе дар нишасти муфаттишон ҳал хоҳад шуд ва Украина умедвор аст, битавонад ғаллаҳои дуздидашударо бозпас гардонад.

“Мо бо ҳамдигар (Туркия ва Украина) ҳамкории ҳамаҷониба дорем. Дар ҳоли ҳозир, киштӣ дар даромадгоҳи бандар аз ҷониби мақомоти гумруки Туркия боздошт шудааст”, – мегӯяд Василий Боднар дар пахши барномаи телевизионӣ.

Украина Русияро дар дуздии ғалладона муттаҳам мекунад. Ба гуфтаи Киев, Русия ҳар шаҳреро тасарруф кунад, ба дуздии ғалладонаи он даст мезанад. Аммо Кремл пайваста ин иттиҳомро рад мекунад.

Кшварҳои Русия ва Украина ҳарду аз бузургтарин тавлидкунандагони гандуму дигар ғалладонаҳо ба шумор мераванд. Ва солона миллонҳо тонна ба кишварҳои ҷаҳон содир мекунанд.

Мушкилии ҷанг ва ноамнӣ дар Украина аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои арабӣ ва африқоиро барои гарон шудани нон ва равғани ношӣ аз ғалладонаҳо ба шиддат нигарон кардааст.

 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.