16.9 C
Dushanbe

Кобул дар ивази нафт ба Маскав истифода аз захоири маъданиро ироа кард

Афғонистон бар ивази фаровардҳои нафтӣ ба Русия маҳсулоти зироатӣ ва истифода аз захоири маъданиро пешниҳод кардааст.

Дар ин бора рӯзи 19 август Нуриддин Азизӣ, вазири саноат ва савдои Толибон, ки дар Маскав қарор дорад, дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо “РИА Новости” хабар дод.

Ӯ мегӯяд, Кобул дар хариди нафти Русия як тарҳи мубодилаиеро пешниҳод мекунад, ки он ба ҳарду ҷониб судманд хоҳад буд.

“Ҳукумати кунунии Афғонистон тамоми қаламрави кишварро зери назорати худ дорад, вазъ амн аст. Акнун мо метавонем дар ивази воридот аз Русия, ба хусус фаровардҳои нефтӣ, бархе аз захоири маводи маъдании худро дар ихтиёри Русия қарор диҳем.” – мегӯяд вазири саноат ва савдои Толибон.

Кобул инчунин мубодилаи маҳсулоти зироатӣ ва полезии худро низ бар ивази фаровардҳои нафтии Русия матраҳ кардааст.

“Ба ҷуз ин, мо, масалан, меваи хушк, мавиз ва гиёҳҳои шифобахш дорем, ки метавонем ба Русия садҳо тонна чунин маҳсулот диҳем. Масалан, ҳоло нархи гиёҳҳои шифобахш хеле гарон аст ва Русия ба чунин ашёи хом дар санъати дорусозӣ ниёз дорад. Ва мо метавонем онҳоро бо итҷорати мубодилаӣ истифода барем. Низ метавонем корхонаҳои Русияро бо ашёи хом таъмин кунем, чуноне ки ҳоло мо бо Чин дар ин самт кор карда истодаем”, гуфт Азизӣ.

Қаблан ҳукумати Толибон эълон карда буд, ки қасд дорад аз Русия 1 миллион баррели нафт харидорӣ кунад ва дар оянда харидии онро бештар карданӣ аст.

Гуфта мешавад, рӯзи шанбе Толибон як ҳайтеро бо раҳбарии вазири саноат ва савдои Афғонистон Нуриддин Азизӣ ба Маскав фиристод. Ҳадафи ин сафар тақвият ва густариши равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни Маскав ва Кобул гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки вазъият дар Афғонистон дар моҳи майи соли 2021 пас аз оғози хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ, ки аз соли 2001 дар ин кишвар ҳузур доштанд, ногувор шуд. Толибон 15-уми август пас аз фирори Ашраф Ғанӣ аз ин кишвар ҳукуматро ба даст гирифтанд. Бо вуҷуди ваъдаи Толибон бар таъмини ҳуқуқи озодиҳои шаҳрвандон ва ташкили ҳукумати фарогир, то ҳол бо гузашти як сол ҳеч кишваре онҳоро расман напизуруфтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналдо 900-умин голи торихиашро зад

Мунтахаби Португалия дар даври 1-уми Лигаи миллатҳо дар мавсими 2024/25 дар майдони худ бар тими Хорватия бар ҳисоби 2.1 пирӯз шуд.

Ихроҷи муҳоҷирон аз Русия 50% афзоиш ёфт

Вазорати корҳои дохилии Русия 6-уми сентябри соли ҷорӣ зимни интишори гузорише аз афзоиши 50 дарсадии ихроҷи муҳоҷирон хабар дод.

Аввалин ҷоизаи давлатӣ ба Далер Назаров

Далер Назаров, овозхони саршиноси тоҷик дар 65-солагӣ баъд аз даҳсолаҳо хунарнамоӣ дар саҳнаи ҳунар ба Ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ қадрдонӣ шуд.

Эълони номзадҳо барои ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҷаҳонро дар ҳайрат монд

Пас аз эълони номзадҳо аз ҷониби "France Football" барои дарёти ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ" расонаҳои ҷаҳон мепурсанд, "Кӣ Лионел Мессиро иваз мекунад?"