Дабири кулли СММ Эмомалӣ Раҳмонро “насиҳат” кард

26-уми августи соли ҷорӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Гуфта мешавад, дар ин тамоси телефонӣ ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон бо СММ ва инчунин масоили муҳими байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз омодагии худ барои тақвият бахшидани ҳамкорҳо бо СММ ва ниҳодҳои зертобеи он “дар ростои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ, бахусус масъалаҳои обу иқлим, мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ” хабар дод.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, яке аз мавзуҳои муҳиме, ки дар гуфтугӯи ҷонибҳо сурат гирифта, ин масъалаи Афғонистон будааст. Эмомалӣ Раҳмон зоҳиран пешдастӣ намуда, аз Дабири кулли СММ хостааст, ки “ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба кумакҳои башарии худ ба мардуми азияткашидаи Афғонистон идома диҳад ва онро дар шароити мушкили имрӯза танҳо нагузорад.” Ва ҳамзамон таъкид карда, ки Тоҷикистон омодааст барои расонидани кумакҳои логистикии кишвар ба мардуми Афғонистон кумак кунад.

Суҳбати телефонии Дабири кулли СММ бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки рӯзи 25-уми августи соли ҷорӣ Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон бо нашри изҳороте аз зӯран ронда шудани паноҳандагони Афғонистон тавассути мақомоти Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ карда буд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Тоҷикистон даҳҳо паноҳандаи афғонистониро, ки аз тарси Толибон ба ин кишвари ҳамсояи худ паноҳ оварда буданд, зӯран ва бидуни далилҳои воқеӣ онҳоро дигарбора ба дасти Толибон супурдааст, ки ояндаи онҳоро ҷиддан зери хатар мегузорад.

Комиссари олии СММ дар изҳороташ ин амали Тоҷикистонро хилофи қонунҳои байналмилалӣ дониста буд. Ба изҳороти ин созмон, паноҳ додани гурезаҳо “санги асоси ҳуқуқи байналмилалии паноҳандагон аст.”

Зоҳиран, дар ин тамос Дабири кулли СММ Эмомалӣ Раҳмонро “гӯштобак” ва ё “насиҳат” карда, ки чун иддаои ҷорӣ кадани миъёрҳои демократиро дар кишварат мекунӣ, пас, бояд пойбанди қавонини он ҳам бошӣ.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон барои паноҳ додани гурезагони афғон солона аз СММ маблағҳои ҳангуфте дарёфт мекунад. Вале бо вуҷуди он, паноҳандагони афғонро ба кишвари худ бозпас мефиристад.

Ёдовар мешавем, ки баъд аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон ҳазорҳо афғонистонӣ аз ин кишвар гуреза шуданд. Тоҷикистон мизбони 10 ҳазор гурезаи афғон буд, ки дар як соли охир ҳудуди 4 ҳазори он аз сабаби бад будани шароит дар Тоҷикистон ба кишвари сеюм рафтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роналду ба корномаи 23-солаи худ дар тими миллии Португалия нуқта гузошт

"Агар ягон голи ман боиси шодии шумо шуда бошад, пас ҳама заҳматҳо арзанда буданд". Бо ин суханон Криштиану Роналду 5-уми ноябр аз тими миллии Португалия видоъ кард.

Боздошти гурӯҳе, ки беш аз ним тонна маводи мухаддиро ба хориҷ интиқол дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти нуҳ нафар бо гумони қочоқи маводи мухаддир хабар дод.

Идомаи боздоштҳо ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия

Пулиси Русия аз ихроҷи 121 шаҳрванди хориҷӣ пас аз рейдҳои густурда дар шаҳри Жуковскии вилояти Маскав хабар дод.

Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст.