Мавлавӣ Муҷиб-ур-Раҳмон кушта шуд

Мавлавӣ Муҷиб-ур-Раҳмони Ансорӣ, яке аз шахсиятҳои рӯҳонӣ ва пурнуфузи Афғонистон имрӯз 2-уми сентябри соли 2022 дар масҷиди Гозаргоҳи Ҳирот кушта шуд.

Расонаҳои маҳаллӣ аз қавли масъулони Толибон кушта шудани ӯро таъйида карда, хабар доданд, ки Ансорӣ дар пайи як инфиҷоре ҳангоми хондани хутбаи намози ҷумъа кушта шуд.

Ба иттилои расонаҳо, бародари Ансорӣ ҳамроҳи 13 муҳофизаш низ дар ин таркиш кушта шудаанд. Ва ҳамчунин чандин намозгузори дигар ҳам дар ин фоҷеа ҷон бохтаанд.

Гурӯҳи ДИИШ ҳамларо ба дӯш гирифтааст. Аммо то ҳанӯз талафоти ҷонӣ аз ин инфиҷор дақиқ нашудааст.

Мавлавӣ Муҷиб-ур-Раҳмони Ансориро аз ҳоимиёни Толибон медонистанд. Ӯ дар гузашта ҳукумати Ашраф Ғаниро ошкоро интиқод мекард ва ҳатто ба хотири суханҳои сахташ борҳо дар расонаҳои ин кишвар хабарсоз шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баҳс атрофи ҷазои 7 паҳлавон: корбари Фейсбук аз қарори Федератсияи ҷудо интиқод кард

Рӯзи 29-уми июн комиссияи интизомии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар...

Равнақи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон: Эътимоди сармоягузорон ё таваккали онҳо?

Чанд соли охир Тоҷикистон дар ҷалби сармояи хориҷӣ муваффақ...

Нуриддин Қаршибоев: Дар Тоҷикистон худсензура миёни рӯзноманигорон ва блогерон афзоиш ёфтааст

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) Нуриддин Қаршибоев...

Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи манбаъҳои нави сӯзишворӣ

Тоҷикистон дар пасманзари маҳдуд шудани воридоти маҳсулоти нафтӣ аз...