14.9 C
Dushanbe

Дар таркиши Кобул ду корманди сафорати Русия кушта шуд

Ду корманди сафорати Русия дар Кобул дар натиҷаи як таркиш дар назди дарвозаи вурудии он кушта шудаанд.

Бино ба иттлои ББС, имрӯз, 05-уми сенятбри солои 2022  дар назди сафорати Русия, дар минтақаи Доруламони Кобул, яке аз минтақаҳои амниятии пойтахти Афғонистон таркише сурат гирифтааст.

Телевизиони “Афғонистон Интернешнал” навореро нашр карда, ки дар он гуфта мешавад, ин таркиш дар назди дарвозаи вурудии сафорати Русия ба вуқуъ пайваста ва бар асари он чанд нафар кушта ва захмӣ шудааст.

Ҳамзамон бархе аз бошандагони минтақаи Доруламон дар Кобул ба расонаҳо гуфтаанд, ки шиддати ин таркиш он қадр зиёд буда дару тирезаи хонаҳои онҳоро низ такон додааст.

Таркиш дар назди сафорати Русия замоне рух додааст, ки мардум барои дарёфти раводид (виза) саф кашида буданд ва инчунин Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст, ки дар натиҷаи ин таркиш ду корамандони ин сафоратхона кушта шудааст

Қабл аз ин Ройтерз ҳам ба нақл аз манобеъ дар ҳукумати Толибон хабар дода буд, ки ин таркиш соати 10:50 дақиқа ба вақти маҳаллӣ рух дода буд ва дар натиҷаи ин таркиш дасти кам ду нафар кушта ва 11 каси дигар захмӣ шудааст.

Инчунин дар ин навор дида мешавад, мардумони зиёде аз маҳалли вуқуи ҳодиса ва атрофи он бо доду фиғон фирор мекунанд.

Ба қавли “Кобул Нюс“, фармондеҳии пулиси Кобул ҳам мегӯяд, ки як бомбгузори маргталаб дар назди сафорати Русия дар ҳавзаи 7-ум талош мекард, ки худашро битарконад, қабл аз расидан ба ҳадафаш, нерӯҳои амниятӣ ӯро ҳадаф қарор доданд ва инфиҷор рух дод.

Гуфта мешавад, бо ин вуҷуд мақомоти Толибон, ки раҳбарии Афғонистонро бар уҳда доранд, то ҳол дар бораи дигар ҷузъиёти ин ҳодиса ва теъдоди қурбониёни он шарҳу тафсиле ироа накардаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.

СММ: Исроил дар Ғазза даст ба наслкушӣ мезанад

Кумитаи таҳқиқоти байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе таҳқиқоти худро дар бораи Исроил ба поён расонид.

Даҳҳо нафар дар Мазори Шариф алайҳи Толибон эътироз карданд

Дар Афғонистон мардум алайҳи ҳукумати сарпарасти Толибон ба далели поймол шудани ҳуқуқҳояшон эътироз карданд.

Ду мард беш аз $1 миллионро аз худ карданд

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дар Душанбе ва Хуҷанд ду нафар бо гумони қаллобӣ боздошт шуданд.