19.9 C
Dushanbe

Идомаи истирдоди маҷбурии афғонҳо аз Тоҷикистон ба Афғонистон

Паноҳҷӯёни афғонистонӣ, ки баъд аз сари қудрат омадани Толибон ба Тоҷикистон паноҳ овардаанд, мақомоти ин кишвар онҳоро тариқи иҷборӣ ба Афғонистон истирдод мекунад.

Мувофиқи гузориши Радиои Озодӣ, давоми чанд рӯзи ахир мақомоти тоҷик беш аз 100 нафар паноҳҷӯёни афғонистониро дар кӯчаву бозорҳо боздошт карда, бидуни ҳукми додгоҳ онҳоро ба ватанаш ихроҷ кардаанд.

Худи мақомоти Тоҷикистон ин корашонро ба расонаҳо шарҳ намедиҳанд.

Ба қавли яке аз намояндагони кор бо паноҳандоги афғонистонӣ, танҳо рӯзи шанбеи гузашта 22 нафарро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд. “Мақомот ба мо ягон маълумот намедиҳанд ва намегӯянд, ки сабаби ихроҷи пайиҳами шаҳрвандони Афғонистон чист. Ному насаби ихроҷшудаҳо ва омори умумиро аз мо пинҳон мекунанд,” – мегӯяд ин масъули кор бо паноҳандагони афғонистонӣ.

Ба гуфтаи муҳоҷирон, аксаран кормандони пулис ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ паноҳандагонро боздошта ва мустақим то лаби марз мебаранду ба Афғонистон ихроҷ мекунанд.

Чандест мақомоти тоҷик даст ба ихроҷи иҷбории шаҳрвандони Афғонистон мезананд. Пас аз нашри ин хабарҳо, Намояндаи Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар Тоҷикистон Мулугета Зевди бо мақомоти тоҷик мулоқот анҷом дод. Ва инчунин дар давоми ду ҳафтаи гузашта Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш низ ду маротиба бо Раҳмон телефонӣ суҳбат кард, ки ба гуфтаи коршиносон, суҳбатҳо бештар ба масъалаи паноҳандагон рабт доштааст.

Аммо бо вуҷуди ин, мақомоти тоҷик худсарона ва бидуни далоили айнӣ ва қарори додгоҳ паноҳандагони афғонистониро ба кишварашон имтсирдод мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Покистону Тоҷикистон ҳамкориҳои ҳуқуқиро тақвият мекунанд

Покистону Тоҷикистон тасмим доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро дар бахшҳои ҳуқуқӣ ва қазоӣ густариш диҳанд.

Қатли бераҳмонаи ду хоҳар ва як кӯдак дар Кӯлоб

Шаби 2-уми апрели соли ҷорӣ ду зан ва як кӯдаки шашсола дар шаҳри Кӯлоб кушта шуданд.

Марги як наваскар дар роҳ ба сӯи Душанбе

Рӯзи 2-юми апрел дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари канда шудани сангпора аз кӯҳ ва бархӯрди он ба автобусе, ки наваскаронро интиқол медод, як ҷавон ҷон бохтааст.

ВКД Қирғизистон: зарари расондаи Тошиев ба иқтисоди Қирғизистон беш аз 4,1 млрд аст

Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ҳаҷми зараре, ки вакили собиқи парлумон Шаирбек Ташиев ба иқтисоди ин кишвар расондааст, эълон кард.