27.9 C
Dushanbe

Толибон ба Аҳмади Масъуд мансаби вазоратро пешниҳод карданд

Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфтааст, ки вазири хориҷаи Толибон дар Эрон бо вай мулоқот карда, ба ӯ раҳбарии як вазоратро пешниҳод кардааст.

Бино ба иттилои хабаргузории “Форс”-и Эрон, Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар суҳбат бо як расонаи ҳиндӣ гуфтааст, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии Афғонистон ҳангоми дидор дар Эрон ба вай раҳбарии як вазоратро пешниҳод кардааст, вале ӯ ба ин пешниҳод посухи рад додааст.

Ба қавли манбаъ, Аҳмад Масъуд иддао карда, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 3 ҳазору 500 нафар нерӯи низомӣ дорад ва тамоми ин нерӯҳо аз нигоҳи молӣ, моддӣ ва маънавӣ ҳимоят мешаванд.

Дар робита ба наҳваи муборизаҳои худ раҳбари Ҷамбаҳи муқовимати миллӣ гуфтааст, ки айни замон бо истифода аз равишҳои ҷангии падараш Аҳмадшоҳи Масъуд меҷанганд. Муборизаҳои онҳо низ аз нигоҳи тактикӣ чирикӣ сурат мегиранд ва то кунун нерӯҳои Толибон ҳеч муваффақияте дар саркӯби онҳоро ҳосил накардаанд.

Писари Қаҳрамони Миллии Афғонистон дар идома гуфтааст, ки то кунун нерӯҳои ҷабаҳаи таҳти раҳбариаш аз ҷониби ҳеч кишваре мавриди ҳимоят қарор нагирифтаанд, ҳама он чи ки дар ихтиёр доранд, бо кумаки мардуми Афғонистон ба дасти онҳо расидааст. Ва бо ҳамин имконот дар чанд вилоят масруфи ҷанг ҳастанд.

Гуфта мешавад, аз замони дубораи сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон зиёда аз як сол мегузарад ва дар ин муддат Ҷабҳаи муқавимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Амҳад Масъуд, ки камтар аз як сол аз таъсиси он мегузарад, ба устухоне дар гулӯи Иморати исломӣ табдил шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро пас аз 90 сол ба Душанбе оварданд

Хоки Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскойи шаҳри Маскави Русия ба Тоҷикистон оварданд.

Кушта ва захмӣ шудани чанд нафар дар пайи ҳамла ба масҷиде дар Амрико

Дар пайи як ҳамлаи мусаллаҳона ба як масҷид дар шаҳри Сан-Диегои иёлати Калифорнияи Амрико се нафар кушта шуданд.

Сулҳ ё ҳамла? Трамп боз аз пешрафти музокирот бо Эрон хабар дод

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз таъхири ҳамлаи тарҳрезишуда ва "таҳаввули бисёр мусбат" аз раванди музокирот бо Эрон хабар дод.

Ба муҳоҷирони дорои доғи судӣ шаҳрвандии Русия дода намешавад

Дар Русия қоидаҳои гирифтани иқома ва шаҳрвандӣ барои муҳоҷирон боз ҳам сахттар мешаванд.