8.9 C
Dushanbe

Аҳмад Масъуд: мо бидуни кумаки хориҷиён ҳам зинда мондем

Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, ки ҳоло раҳбарии Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро ба дӯш дорад, аз кишварҳои хориҷӣ барои идомаи набард бо Толибон кумак хост.

Аҳмад Масъуд дар суҳбати ихтисосӣ бо “Euronews” гуфта, ки муқовимат алайҳи Толибон, агарчи онро инкор мекунанд, вале он идома дорад ва “мо тавонистем онҳоро асир кунем, ҳатто тавонистем чархболҳои онҳоро соқит кунем.”

Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон меафзояд, ки бо вуҷуди имконоти бисёр кам дар набард бо Толибон “тавонистем аз зимистонҳои сахти Ҳиндукӯш ҷони солим бадар бибарем. Бидуни ҳеч кумаки хориҷӣ зинда мондем.

Дар ин суҳбати ихтисосӣ Аҳмад Масъуд таъкид мекунад, ки барои идомаи муқовимат бо Толибон ба кумаки хориҷиён ниёз дорад, вале ба назари ӯ гирди ҳам омадани тамоми қувваҳо ва чеҳраҳои сиёсии мухолифи ҳукумати Толибон зарур аст.

Ӯ инчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоста, ки ба воситаи “тамоми нухбагони афғон, ки аз вазъияти кунунӣ розӣ нестанд, бояд роҳе барои ояндаи Афғонистон биёбанд.”  

Ёдовар мешавем, ки дирӯз 15-уми сентябр чеҳраҳои сиёсии мухолифи Толибон бо шумули Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш гирди ҳам омада буданд.

Ҳадафи аслии нишасти дирӯзаи нухбагони афғон гуфтугӯ дар мавриди ояндаи Афғонистон ва “муқовимати сиёсӣ ва низомӣ” алайҳи ҳукумати Толибон гуфта мешуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истеъфои як мақомдори баландпояи амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ ба сабаби ворид шудани Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ихроҷи муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад?

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни наверо омода кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратиро дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ сахттар мекунад.

Исроил мегӯяд, Алӣ Лориҷонӣ дар пайи як ҳамла кушта шудааст

Артиши Исроил эълон кард, ки Алӣ Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро дар як ҳамлаи ҳавоӣ ҳадаф қарор додааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Фитрро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди саиди Фитрро эълон кард.