13.9 C
Dushanbe

КДАМ ҶТ: Қирғизистон талаботи созиши оташбасро вайрон мекунад

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъият дар марзҳои муштарак бо Қирғизистонро нисбатан ором тавсиф кардааст.

Имрӯз, 17-уми сентябри соли 2022 Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот гуфтааст, ки вазъият дар марз нисбатан муътадил арзёбӣ мешавад, “вале дар мавридҳои алоҳида аз ҷониби низомиёни Қирғизистон талаботи созиши оташбас вайрон карда мешавад.”

Ба қавли манбаъ, “аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи Боткен ҷониби мавзеъҳои наздимарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ тирпарронӣ сурат мегирад.”

Инчунин Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон таъкид мекунад, ки “ҷобаҷокунии қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хатти сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад, ки аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад.”

Гуфта мешавад, нооромиҳои ахир дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дирӯз, субҳи 16-уми сентябр оғоз шуд ва дар натиҷа даҳҳо нафар аз занону кӯдакон ва низомиён аз ду тараф кушта ва захмӣ шудааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вакилони рус мехоҳанд муҳоҷирони бештареро ихроҷ кунанд

Рӯйхати моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ё муҳоҷиронро пешбинӣ мекунад, метавонад қариб ду баробар зиёд шавад.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.