20.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон Қирғистонро дар нақзи ҳарими ҳавоӣ муттаҳам кард

Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябр зимни нашри изҳороте аз вуҷуди техникаҳои ҳарбии Қарғизистон дар нуқтаҳои наздимарзӣ ва нақз шудани бандҳои созишномаҳо аз ҷониби ин кишвар нигаронӣ кард.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон таъкид мешавад, ки тибқи протоколҳои имзошуда ду ҷониб бояд техникаҳои ҷангии худро аз нуқтаҳои марзӣ ба ҷойҳои қаблии худ мебурданд. Аммо ҷониби Қирғизистон тибқи тавофуқҳои ҳосилшуда амал накарда, техникаҳои ҷангияшро “дар нуқтаҳои аҳолинишини наздисарҳадии ноҳияҳои Лайлак ва Чон-Алайи вилояти Бодканд пинҳон менамояд.”

Ҷониби Тоҷикистон ин амалҳои ҷониби Қирғизистонро “иғвоангезона” хонда, таъкид мекунад, ки чунин рафтори ҳамсоя боиси шиддатнокии вазъ дар минтақаи марзӣ мегардад.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ҷониби Қирғизистон натанҳо техникаҳояшро дур накардааст, балки бо фиристодани ҳавопаймоҳои бесарнишини “Байрақдор” ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро нақз карда, ҷосусӣ мекунад.

“Ҷониби Тоҷикистон далелҳои сершумори вайрон гардидани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Қирғизистонро тавассути таҷҳизоти бесарнишини парвозкунанда, пайваста ба қайд мегирад. Аз ҷумла 19 ва 20 сентябр парвозҳои таҷҳизоти бесарнишини парвозкунандаи Қирғизистон дар фазои ҳавоии шаҳри Исфара, ноҳияҳои Деваштич, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Рашт, дидбонгоҳҳои сарҳадии «Сархадчӣ» ва «Ширинчашма» дар ноҳияи Лахш, «Росровут» ва «Муряк» дар ноҳияи Деваштич, инчунин қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида карда шуд.”, омадааст дар изҳорот.

Ҷониби Тоҷикистон аз мақомоти Қирғизистон даъват карда, ки барои ба эътидол овардани вазъият протоколҳои имзошударо пурра риоят кунад. Ва “дар акси ҳолат, ҷониби Тоҷикистон ин вазъиятро ҳамчун омодагии Қирғизистон ба амалҳои навбатии таҷовузкорона арзёбӣ карда, масъулияти паёмади чунин иқдомҳои иғвогарона ба души ҷониби Қирғизистон хоҳад буд.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳабси боз як нафар барои фиристодани пул ба “Ислоҳ”

Дар Тоҷикистон боз як муҳоҷири собиқро барои фиристодани маблағ ба Муҳаммадиқболи Садриддин маҳкум ба зиндон карданд.

Эҳтимоли азсаргирии ҳамлаи Амрико ба Эрон баррасӣ мешавад

Қарор аст рӯзи панҷшанбе, 30-ми апрел Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико нақшаи ҷадиди ҳамла ба Эронро, ки аз ҷониби низомиён пешниҳод мешавад, баррасӣ кунад.

Куштори даҳшатнок: дӯсташро кушт ва ҷасадашро пора кард

Дар ноҳияи Файзобод аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҳодисаи мудҳиши ҷинояти куштор ошкор гардид, ки ҷомеаро такон дод.

Президент музди командони IT-ро бештар мекунад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон бо имзои фармоне маоши кормандони соҳаи технологияи IT-ро бештар карданист.