Талаби 8 соли зиндон ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ

Айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, рӯзноманигори тоҷик 8 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб кардааст.

Акс аз сафҳаи Абдуллоҳи Ғурбатӣ

Ирмӯз, 29-уми сентябри соли 2022, бархе расонаҳои дохилӣ ба нақл аз масъулини Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳии Абдуллоҳи Ғурбатӣ, хабарнигори ҷавони тоҷик пушти дарҳои баста сурат гирифтааст.

Ба қавли ин манобеъ, ҷаласаи додгоҳии Абдуллоҳи Ғурбатӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе (СИЗО) баргузор гардидааст.

Азия-Плюс мегӯяд, “пас аз анҷоми мурофиаи дуюм судя ва вакили дифои Абдуллоҳ аз шарҳи ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ худдорӣ намуданд. Дар мурофиаи аввал низ ба касе иҷозаи вуруд ба мурофиаро надода буданд. Танҳо ҳамсари Абдуллоҳ ҳамчун шоҳид ба мурофиа даъват гардид ва пас аз шоҳидӣ, толорро тарк намуд.”

Дар рафти ин муроифа рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ ва ҳимоятгари ӯ Абдураҳмон Шарифов иттиҳомоти пешниҳодаро рад кардаанд ва аз додрас хостаанд, ки барои қонеъ кардани онҳо шоҳидони иловагӣ ва наворҳои дурбинҳои мадорбастаи атрофи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансурро ҳамчун далел пешниҳод кунанд, вале додрас ин ҳамаро рад кардааст.

Қарор аст мурофиаи навбатӣ барои эълони ҳукми ниҳоии рӯзноманигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ 3-уми октябри соли ҷорӣ баргузор шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Омбудсмен аз посух ба суолҳо дар бораи шиканҷаи маҳбусони сиёсӣ мегурезад?

Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ё Омбудсмен боз ҳам...

Дар ним соли 2026 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 12 нафар ҷон бохтанд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 бар асари офатҳои...

Аргентина бо пирӯзӣ бар Англия ба финали Ҷоми ҷаҳонии 2026 роҳ ёфт

Дар дуюмин бозии нимфиналии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 мунтахаби...

Зимистони оянда: Барқ камтар истеҳсол мешавад, аммо “лимит намешавад”

Мақомоти Тоҷикистон эътироф карданд, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ...