Дар Тоҷикистон “лимит”-и барқ ҷорӣ шудаст?

Айни ҳол дар аксар ноҳияҳои Тоҷикистон барқ рӯзона қатъ карда мешавад. Аммо масъулони ширкати “Барқи тоҷик” ҷорӣ шудани “лимит”-ро рад мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухаргӯи ширкати “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқро дар кишвар рад карда, таъкид намуда, ки ҳатто қатъи барқ дар моҳҳои оянда ҳам дар назар нест.

Аммо чандест сокинони баъзе навоҳии кишвар рӯзона аз 4 то 6 соат қатъ шудани барқ шикоят доранд. Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” гуфтаанд, ки “дар ноҳияҳое, ки барқ барои чанд соат қатъ мешавад, он барои корҳои таъмирӣ дар системаи барқрасонӣ сурат мегирад.”

Ҳамасола бо омадани фасли тирамоҳ ва пеш аз оғози сардиҳои зимистон дар тамоми Тоҷикистон, ба ҷуз пойтахту марказҳои шаҳру ноҳияҳо барқ қатъ шуда, лимити саросарӣ ҷорӣ мешавад. Вале чанд соли ахир, ба хусус пас аз ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи обӣ барқии “Роғун” мақамомти кишвар бо вуҷуди он ки барқро дар ҷумҳурӣ қатъ мекунанд, расман ҷорӣ шудани лимитро рад уврда, ҳамеша посухашон ба расонаҳо ин аст, ки “дар истгоҳҳои барқӣ корҳои таъмирӣ ҷараён дорад.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҳангоми суханрониҳояш таъкид карда, ки қатъи барқ дар сармоҳои сахти зимистон барои тоҷикистониён ба “афсона” мубаддал мешавад. Вале солҳост, қатъи барқ дар Тоҷикистон ҳамоно ҷорист ва қатъ шудани барқ на ба афсона, балки ба воқеият ҳам мубаддал нагаштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.