7.9 C
Dushanbe

Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт ё нарафт?

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафтааст.

Субҳи имрӯз, 03-уми октябри соли 2022 Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи камтар аз 3 соат аз 2 мактаб ва 3 хоҷагии деҳқонӣ дидан кардааст.

Ба қавли манбаъ, субҳи имрӯз соати 8:30 сафари

Ҳамзамон соати 8:55 дақиқаи субҳи имрӯз Хадамоти матуботи Президенти Тоҷикистон иттилоъ дода, ки  “Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Ислом” ташриф оварда, ба ҷамъоварии ҳосили шолӣоғоз бахшидааст.

Инчунин соати 10:30 дақиқаи имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон гуфтааст, ки  “Эмомалӣ Раҳмон аз боғи ангури навъи “Шоҳона”-и Хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии ҳосили ангур, ки ҳоло бомаром идома дорад, шинос шуданд.”

Дар ҳамин ҳол соати 11:12 дақиқаи имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки “Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода дар деҳоти Ҷӯра Раҳмонов бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 92 ба номи Камолиддин Мадумаровро ба истифода доданд.”

Бо ин вуҷуд, соати 11:17 дақиқаи субҳи имрӯз Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон панҷумин хабари худро аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода нашр карда, гуфтааст, вай “бо нашъунамои токзори Хоҷагии деҳқонии “Ватан” шинос шуданд.”

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон дар ин панҷ хабаре, ки аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода дар зарфи 167 дақиқа нашр кардааст, дар тамоми ин хабарҳо як ҷумлаӣ дар аввали матлабҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он рафт ва як ҷумлаӣ дар охири онҳо дар хусуси таҳсин ва супоришҳояш гуфтааст ва дигар тамоми маълумоти дарҷ гардида дар бораи ин ду мактаб ва се хоҷагии деҳқонӣ мебошанд.

Ҷолиб он, ки масофа байни ин панҷ объекти мавриди назар, ки Президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз ба он ҷойҳо сафар кардааст, наздик нест. Тамоми онҳо дар минтақаҳои алоҳидае дар шаҳри Турсунзода қарор доранд. Рафтан аз як мавзеъ ба дигаре, он ҳам дар шаҳри Турсунзода вақт мехоҳад.

Аммо тавре, ки дар ин матлабҳои панҷгона Хадамоти матуботи Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он ҷойҳо рафта, дар он ҷойҳо дар маросимҳои вижае низ ширкат карда ва дастуру супоришҳое ҳам додааст, ба таваҷҷуҳ ба барриси замони ин рӯйдодҳо мантиқан сиҳат доштани бахше аз гуфтаҳои котиботи Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус зери шубҳа қарор мегиранд.

Бо ин вуҷуд, Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ки то ҳол тибқи корҳои маъмулиаш даҳҳо аксу наворҳо аз сафарҳо, нишастҳо ва мулоқотҳои Эмомалӣ Раҳмон нашр мекард, вале имрӯз бар хилофи ин қоидаҳои кории худ то замони таҳияи ин матлаб танҳо чанд аксе аз ифтитоҳи бинои мактабе дар саҳфаи фейсбукиаш нашр карда, вале дигар ҳеч аксу наворе аз ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода то ҳол нашр накардааст.

Гуфта мешавад, ин хабарҳо дар ҳоле нашр мешаванд, ки ҳафтаи гузашта раҳбари ҳаракати сиёсии “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев пас аз 11 рӯзи бедарак шудани Эмомалӣ Раҳмон аз саҳнаҳои сиёсӣ хабар дода буд, ки Президенти Тоҷикистон бемор шудааст.

Аммо он замон бархе манобеи Azdo tv дар Ҳукумати Тоҷикистон хабари бемор будани онро рад карда буданд, вале бо ин ҳол баъд аз чанд рӯзи дигар, бархе аз мухолифони Эмомалӣ Раҳмон дар Аврупо ва низ бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Қирғизистон ва Узбекистон ҳам гуфта буданд, ки Президенти Тоҷикистон вафот кардааст.

Вуҷуди ин ҳама зиду нақизҳо ва берабтиҳо дар матолиби нашр кардани Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, ва овозаҳои таъйид нашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ акнун ин суолро дар зеҳнҳо барҷаста мекунад, ки оё имрӯз Эмомалӣ Раҳмон зиндаву саломат аст ва имрӯз ба шаҳри Турсунзода рафт ё нарафт?

Амруллоҳи Низом, махсус барои Azdo tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.