Русия бар ивази пули Қрим Киевро бомборон кард

Субҳи рӯзи 10-уми октябр Русия шаҳрҳои Украина, ба хусус Киевро бомборон кард, ки дар натиҷа аз мардуми осоишта чандин нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ба гузориши мақомоти Украина, нерӯҳои Русия субҳи имрӯз бар болои шаҳрҳои Одеса, Харкиев, Миколаев ва Киев 75 мушакҳои гуногун партоб карднд, ки 45-тои онро нерӯҳои украинӣ тавонистанд хунсо каунанд.

Мақомоти украинӣ мегӯянд, Русия бо бомборони имрӯзааш инфрасохторҳои муҳимро нобуд карда, аз ҷумла пули Кличкои Киевро тарконд ва инчунин ба харобкории зиёд даст задааст.

Гуфта мешавад, дар аксар шаҳрҳои Украина бар асари бомборони имрӯзаи Русия ҳоло обу барқ қатъ шуда, аз мардум хоста шуда, ки аз паноҳгоҳҳо набароянд.  

Ба гуфтаи коршиносон, Русия дар ивази таркиши пули Қрим, ки рӯзи шанбе рух дод ва қисме аз он фурӯ рехт, Украинаро бомборон кард. Путин дар таркиши пули Қрим Украинаро муттаҳам када буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шикояти сокинони Душанбе аз ронандагони “Ҷӯра таксӣ”

Сокинони пойтахт аз беэҳтиромии ронандагони "Ҷӯра таксӣ" ба мусофирон, дашномдиҳӣ ва дигар мушкилот шикоят мекунанд.

Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико пас аз раҳоӣ аз ҳабс

Маъмурони муҳоҷирати Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро, пас аз раҳо шудан аз боздошт дар Филаделфия дастгир карданд.

Сеул бори аввал раҳбарони Осиёи Марказиро гирди як миз ҷамъ меорад

Дар Сеул барои бори аввал нишасти якҷояи Кореяи Ҷнубӣ бо раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.

Сарбози хориҷӣ дар ҷанг: ҷангҷӯе, ки баргаштанаш ба нафъи давлат нест

Тибқи тахминҳое, ки хадамоти кишварҳои гуногун, аз ҷумла Украина ва бунёдҳои машғул ба таҳқиқи ин масъала мезананд, дар артиши Русия ҳудуди 40-50 ҳазор хориҷӣ меҷанганд.