22.9 C
Dushanbe

Мурофиаи додгоҳии Саидаминӣ ба таъхир гузошта шуд

Мурофиаи аввали рӯзноманигори боздоштшуда Завқибек Саидаминӣ, ки бояд имрӯз, 10-уми октябр дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе баргузор мешуд, ба таъхир гузошта шуд.

Пайвандонаш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки сабаби таъхири мурофиаи Завқибек Саидаминиро намедонанд ва додгоҳ низ қазияро шарҳ надодааст.

Пештар аз ин Ҳабиса Ятимова, модари ин рӯзноманигор дар суҳбат бо расонаҳо гуфта буд, ки се моҳ боз писарашро надидааст ва намедонад дар чӣ шароит қарор дорад.

Гуфта мешавад, нисбати Завқибек Саидаминӣ бо моддаи 307 қисми 2 парванда боз шуда буд ва ӯро мақомот дар ҳамкорӣ бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва “Гурӯҳи 24” гумонбар медонад. Худи ӯ борҳо ин иттиҳомотро рад карда буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус тобистони соли ҷорӣ чанд рӯзноманигор, аз ҷумла Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба 7.5 соли зиндон маҳкум шуд, Далери Имомалӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Завқибек Саидаминӣ ва чанд нафари дигарро боздошт карданд.

Мурофиаи аввали рӯзноманигори дигари тоҷик Далери Имомалӣ, рӯзи 7-уми октябр баргузор шуда, мурофиаи навбатӣ ҳафтаи ҷорӣ қарор аст баргузор шавад.

Бино ба иттилои манбаи Радиои Озодӣ, дар мурофиаи аввал аксари шоҳидон даъват ва пурсида шуданд.

Гуфта мешавад мақомот Далери Имомалиро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гумонбар медонад. Ин блогери шинохта дар бозпурсиҳо иттиҳомро қисман қабул кардааст.

Боздошти ин рӯзноманигорони тоҷикро созмонҳои ҳуқуқӣ ва ҳимояи рӯзноманигорон маҳкум карда, борҳо озодии бечуну чарои онҳоро аз Ҳукумати Тоҷикистон талаб карданд, вале мақомоти тоҷик мисли ҳамеша ин дархостҳоро нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Душанбе зане, ки манзили иҷораро ба нашъахона табдил дода буд, дастгир шуд

Шуъбаи дуюми Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД-2) дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз ошкор шудани як макони махсуси нашъамандон хабар дод.

Дар Русия мехоҳанд шумори имтиҳони такрорӣ барои муҳоҷирон маҳдуд шавад

Вакилони Думаи давлатии Русия масъалаи кам кардани шумори такроран супоридани имтиҳони забони русиро барои муҳоҷирон баррасӣ карданд.

Оё Тоҷикистон ба хатти форсӣ бармегардад?

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми май дар ҷаласаи Ҳукумат ба масъулони соҳаи маориф супориш додааст, ки сифати таълими "алифбои ниёгон"-ро дар муассисаҳои таълимии кишвар беҳтар кунанд.

Семент дар бозорҳо камёб шудаст. Нархи хонаҳо ҳам гарон мешавад?

Чандест дар бозорҳои кишвар муҳимтарин маводи сохтмонӣ - семент камёб шуда, нархи он ҳам назар ба моҳҳои пеш хеле гарон шудааст.