Раҳимзода: мақомоти Афғонистон ба 3 ҳазор террорист шиноснома додаанд

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, мақомоти Афғонистон ба аъзои созмонҳои террористӣ беш аз 3 ҳазор шиноснома додаанд.

Ин суханҳоро Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, зимни суханронияш дар конфронси “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” дар Душанбе гуфт.

Раҳимзода бо овардани ин омор аз хатари режими имрӯзаи Афғонистон ҳушдор дод. Ӯ афзуд, ки тамоюли авҷ гирифтани ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон на танҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки дар миқёси васеъ хатари мустақим дорад. “Мушкилоти Афғонистон бояд дар маркази таваҷҷӯҳи доимӣ бошанд”, мегӯяд Раҳимзода.

Ёдовар мешавем, ки 18-19-уми октябри соли 2022, бо ташаббуси Ҳукумати Тоҷикистон ва Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалие таҳти унвони  “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз ҳаракати террористҳо” баргузор гардид.

Дар ин конфронс масоили доғи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гашт ва мақомдорони тоҷик аз хатарҳои ҳамсарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон нигаронӣ карданд.

Гуфта мешавад, дар кори конфронс намояндагони воломақоми расмии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ниҳодҳои Паймони ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони соҳаи таъмини бехатарии сарҳадот иштирок карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Сӯхтори бинои дуошёна дар Норак: даҳҳо нафар бе хона монданд

Дар деҳаи Лангарии шаҳри Норак як бинои дуошёнаи истиқоматӣ оташ гирифт, ки дар натиҷа 50 сокин бе сарпаноҳ монданд.

Ҳизби Пашинён дар интихоботи порлумонии Арманистон пирӯз шуд

Дар интихоботи парлумонии Арманистон бори дигар ҳизби ҳокими "Паймони шаҳрвандӣ" пирӯз эълон шуд.

Вақте омӯзгорро мезананд…

Ҳодисаи Нуробод ва саволҳое, ки дар бораи мақоми омӯзгор беҷавоб мемонанд.

Боздошти Идибеки “Бохтарӣ” ва Рустами “Кал”

Мақомоти Тоҷикистон ду блогери фаъол дар шабакаҳои иҷтиморо, ки миёни ҷомеа ҳамчун блогерони "ҳукуматӣ" шинохта шудаанд, боздошт кардааст.