7.9 C
Dushanbe

Нооромиҳои сиёсии Бишкек эҳтимоли даргириҳо дар марзро зиёд кардааст

Афзоиши нооромиҳои сиёсӣ дар Бишкек эҳтимоли дубора оғоз шудани низоъҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро зиёд кардааст.

Акс аз манбаъҳои боз

Бино ба иттилоии

Дар ин набардҳои иттиллоотӣ, ки айни замон майдони он ҳадду канор надорад, шуруъ аз сарони давлатҳо, вазирону сафирон ва қисман омӯзгорону коршиносон ва хулоса, тӯдаҳои мардум ҳама ба қадри тавон саҳмгузорӣ мекунанд. Ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи Қирғизистон ҳам ин ҷангҳои равониро хулоса карда бо сароҳат гуфт, ки “байни Тоҷикистон ва Қирғизистон сулҳ намешавад!

Аз байн рафтани эътимод

Бо таваҷҷуҳи ба он ки дар муддати 10 соли ахир тез-тез муҳтавои санадҳо ва протоколҳои имзошуда байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон нодида гирифта мешаванд ва дар натиҷа муноқишаҳои мусаллаҳона аз нав дар манотиқи наздимарзӣ байни ду кишвар оғоз мешаванд, эътимоди мардум нисбат ба мақомот низ аз байн рафтааст.

Аз як тараф хеле аз сокинони манотиқи наздимарзӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд ва дар бораи аҳвол ва авзоъи равонии мардум суҳбат мекунанд, дар хеле мавридҳо бо сароҳат нигарониҳои худро дар хусус эътимод надоштан ба санаду протоколҳои имзошуда ба намоиш мегузоранд, аз тараф дигар амалан таҷриба нишон додааст, ки ҳарду ҷониб бадъаҳдӣ мекунанд.

Ин бадъаҳдиҳои мақомот, ки ҳосили онҳо ҷангу хунрезӣ аст, на танҳо сокинони манотиқи назди марзӣ, балки қариб тамоми шаҳрвандони ҳарду кишварро нигарон кардааст. Мардум низ дар ин хусус дигар ба мақомот бовар надоранд. Бовар надоранд, ки мақомот рост мегӯянд ва ба он протоколҳое, ки имзо карданд, содиқ мемонанд.

Пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ

Дар 7 соли ахир ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дохили Тоҷикистон то андозае зери қанатҳои мақомот рафта ва ва бисёре аз фаъолони он дар хеле мавридҳо ба мӯсиқии ҳукуматдорон мерақсанд.

Дар ҳодисаҳои хунини Бадахшон, тақибу боздошти фаъолон ва саркӯбу зиндонӣ кардани рӯзноманигорону блогерон шоҳиди он будем, ки аксари ин ин қишри огоҳи ҷомеа фаъол будани худро “фаромӯш” карда буданд, аммо инак боз мебинем, ки бо ишораи мақомот дар робита ба эҳтимоли оғоз шудани низоъҳои навбатӣ дар марз ба майдон баромадаанд.

Инҳо мегӯянд, ки “ба протоколҳои имзошуда” бовар накунед хулоса омодаи ҷанг бошед ва пешниҳод доранд, ки дар вақти низоъҳо аз ҷои ҳодисаҳо навор нагиранд ва фавран расонаӣ накунанд, то макони будубоши сарбозони афсарон маълум нашавад. Фаъолони тоҷик дар дохил ва хориҷ аз кишвар дар набардҳои иттилоотӣ саҳмгузорӣ кунанд…

Ба ҷои хулоса,

Агар дар зарфи чанд рӯзи оянда нооромиҳои сиёсӣ дар Бишкек густариш ёбанд, ё эътирозоти мардумӣ ба ҳар шакле ба хотири бебарқӣ ва мушкилоти дигар дар Тоҷикистон бавуҷуд биоянд, ҷонибҳо ба хотир дур задани афкори мардум дар манотиқи наздимарзӣ оташи ҷангҳои лафзиро бо шилики чандтир аз нав шуълавар мекунанд, то таваҷҷуҳи мардум ба ҷангу хунрезӣ ва бечоратар шудани сокинони Ошу Исфара ҷалб карда шавад…

Амруллоҳи НИЗОМ, махсус барои Azda tv

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.