ВМКБ: Даъвати тирамоҳӣ пурра иҷроӣ шуд

Шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда дар ҷумҳурӣ даъвати тирамоҳиро пурра иҷро карданд.

Бино ба иттилои АМИТ “Ховар“, дар давоми 20 рӯз тамоми шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавонистанд, ки даъвати тирамоҳӣ барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбиро иҷро кунанд.

Ба қавли манбаъ, “аз 1 то 20 октябри соли 2022 зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аллакай даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро намудаанд.”

Инчунин иттилоъ дода мешавад, ки иҷрои даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон “дар шаҳри Душанбе 67 фоиз, дар вилояти Хатлон 63 ва дар вилояти Суғд 50 фоизро ташкил медиҳад.”

Гуфта мешавда, дар даъвати тирамоҳии соли ҷорӣ ҷавонписарони “солҳои таваллуди 1995-2004-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ муташаккилона идома дошта, иҷрои он дар ҷумҳурӣ 62 фоизро ташкил медиҳад.”

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

НИТ мегӯяд, тағйири ном ва рамзи он ба мавқеи ҳаракат таъсир намерасонад

Наҳзати исломии Тоҷикистон (НИТ) ҷузъиёти тағйирот дар ном, рамзҳо ва сохтори дохилии худро дар як суҳбати хусусӣ шарҳ дод.

Садҳо қурбонӣ бар асари фурӯрезии пирях дар марзи Непалу Чин

Фурӯрезии як пирях дар кӯҳҳои Ҳимолой дар марзи Непал ва Чин селоби азимеро ба вуҷуд оварда, ба яке аз марговартарин офатҳои табиии солҳои охир дар минтақа табдил ёфт.

Ҷонибдори ҳукумат бо гумони 931 мавриди қаллобӣ боздошт шуд

Оятулло Гиляев, ки яке аз ҳомиёни ашадди ҳукумати Тоҷикистон буд, бо иттиҳоми қаллобӣ дар ҳаҷми бузург боздошт шуд.

Толибон дар корхонаи панири Беларус: чаро аксҳои сафари ҳайат пок шуданд?

Ҳайате аз намояндагони Толибони Афғонистон ба Белорус сафар карданд, аммо аксҳои боздиди онҳо аз расонаҳо пок карда шудааст.