17.9 C
Dushanbe

Омори нави мақомот аз муноқишаи охир дар марз бо Қирғизистон

Дар муноқишаи охири марзии миёни Тоҷикистону Қирғизистон, ки боиси марги даҳҳо нафар гашт, ҳамзамон 92 хона пурра вайрону 322 хонаи дигар осеб дидааст.

Радиои Озодӣ дар истинод ба гузориши нави мақомоти Тоҷикистон, ки дар ихтиёри муассисаҳои имдодӣ гузоштаанд, хабар медиҳад, ки дар муноқишаи рӯзҳои 14-17-уми сентябр 1 мактаб ба тамом аз байн рафта, 5 мактабу ду масҷиди дигар нимавайрон шудаанд.

Дар гузориши мақомот гуфта шудааст, ки дар натиҷаи даргирӣ 41 ғайринизомӣ кушта шуда, 204 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Дар ҳоле мақомот аз кушта шудани 41 ғайринизомӣ хабар медиҳад, ки чанде пеш Радиои Озодӣ бо истифода аз манобеи худ номи 84 ғайринизомӣ ва нерӯҳои амниятиро бо аксу баъзе тафсилоти дигар нашр кард, ки дар ин муноқиша кушта шудаанд. Ба гуфтаи таҳлилгарон шумораи қурбониён аз ин ҳам бештар аст.

Ҷониби Қирғизистон аз марги 63 нафар ва маҷруҳ шудани даҳҳо тани дигар хабар дода буд.

Чанд соли ахир дар манотиқи марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаҳои зиёд сурат мегирад, ки бори охир рӯзҳои 14-17-уми сентябри соли ҷорӣ сурат гирифт, ки яке аз муноқишаҳои хунинтарин дар таърихи ҳамсоядории ин ду кишвар ҳисоб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр бо ҳам марзи муштарак доранд ва то кунун бештар аз 500 километри он мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

Аксар муноқишаҳои марзӣ дар минтақаҳои номуайяншуда сурат мегиранд, ки то кунун боиси марги даҳҳо нафар аз ду тараф гашта ва харобиҳои бешуморе ба ҷо гузоштааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Изҳори ташаккурии Трамп аз боз шудани тангаи Ҳурмуз

Рӯзи ҷумъа, 17-уми апрел вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Ироқчӣ бо нашри паёме дар шабакаи Х аз пурра боз шудани тангаи Ҳурмуз хабар дод.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду кушта ба ҷо гузошт

Шаби 17-уми апрел дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон даргирии мусаллаҳона сура гирифт, ки дар натиҷа ду нафар кушта шуданд.

Фарзанди Эмомалӣ унвони илмӣ гирифт

Фарзонаи Эмомалӣ, духтари хурдии раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвони номзади илмҳои тиб гардидааст.

Истифодаи паҳподҳо дар машқҳои низомии “Ҳамкорӣ–2026” дар Хатлон

Дар вилояти Хатлон машқҳои низомии муштараки амалиётӣ-стратегии "Ҳамкорӣ–2026" бомуваффақият анҷом ёфтанд.