2.9 C
Dushanbe

Дар эътирозоти Эрон беш аз 250 нафар кушта шудааст

Дар эътирозоти ахири Ҷумҳурии исломии Эрон, ки бештар аз як моҳ мешавад идома дорад, беш аз 250 нафар кушта шудааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабаргузории “Hra-news“, аз оғози эътирозоти мардумӣ дар Эрон 252 нафар кушта шудааст. Дар ин омор аз кушта шудани 35 кӯдак низ гузориш мешавад.

Аммо Созмони афви байналмилал ва дигар созмонҳои ҳуқуқи башарӣ кушта шудани то 27 кӯдакро таъйид кардаанд.

Ҳамзамон ин хабаргузорӣ аз боздошти беш аз 13 ҳазор нафар хабар додааст. Инчунин гуфта мешавад, 28 нерӯи амниятии Эрон низ дар ин даргириҳо бо муътаризон кушта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои мардумӣ пас аз марги Маҳсо Аминӣ зани 22-солаи курди эронӣ дар торихи 17-уми сентябри соли ҷорӣ сар заданд. Гуфта мешавад, полиси ахлоқ ё “маъмурони Гашти иршод” бону Маҳсо Аминиро барои тарзи либоспӯшиаш 13-уми сентябр боздошт карда, чор рӯз пас аз он ҷасади беҷони ӯро ба хонаводааш таҳвил доданд.

Хонаводаи Маҳсо Аминӣ ва эътирозгарон мегӯянд, ки вай дар асари шиканҷа ҷон бохтааст, вале мақомоти эронӣ ин ривоятро рад карда мегӯянд, ки марги ин хонум ба далели сактаи қалбӣ будааст.

Бештар аз як моҳ мешавад, ки эътирозҳо дар саросари Эрон густариш ёфта, айни замон донишҷӯёни донишгоҳҳо ба таври густарда даст ба эътироз задаанд. Гуфта мешавад, то кунун ҳазорҳо нафар бо шумули донишҷӯён ва рӯзноманигорон боздошт шудаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Орзуи бозигарии минтақа дар ҷомаи “ҳомии тоҷикони ҷаҳон”

Бо сарнагун шудани ҳукумати Ашраф Ғанӣ ва омадани Толибон ба сари қудрат дар Афғонистон мақомоти Тоҷикистон мавқеи шадид ва оштинопазири худро бар зидди ҳукумати Толибон эълон карданд.

Консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғ баста шуд

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, консулгарии Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон баста шудааст.

Як паноҳҷӯ аз Фаронса ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Паноҳҷӯи тоҷик Парвиз Зоиров, ки моҳи октябри соли ҷорӣ аз Фаронса ба Тоҷикистон ихроҷ шуда буд, ба 13 соли зиндон маҳкум шуд.

Ба сабаби туман парвозҳо аз фурӯдгоҳи Душанбе боздошта шуданд

Парвози ҳавопаймоҳо дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе ба хотири номусоид будани обу ҳаво муваққатан боздошта шуданд.