8.9 C
Dushanbe

Додгоҳи Душанбе шикояти ду рӯзноманигори зиндониро баррасӣ мекунад

Шикояти ду рӯзноманигори тоҷик Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатиро аз болои ҳукми додгоҳ, ки якумиро ба 10 ва дуюмӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум кара буд, додгоҳи шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад.

Саъдулло Қаюмзода, вакили мудофеи Далери Имомалӣ ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки “имрӯз, 22-уми ноябр маводи парвандаро аз Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристанд. Ҳафтаи оянда мурофиаро таъин мекунанд.”

Дар ҳамин ҳол, Абдураҳмон Шарифов, вакили мудофеи Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ гуфтааст, ки  “додраси Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ин ҳафта парвандаро ба Додгоҳи шаҳри Душанбе мефиристад.”

Маълум нест Додгоҳи шаҳри Душанбе чӣ тасмим мегирад. Аммо дар аксар ҳолатҳо ҳукм бетағйир боқӣ монда мешавад. Ҳатто ҳолатҳое буданд, ки зиндониёни сиёсӣ аз бурдани шикоят ба зинаҳои болоӣ даст кашида буданд.

Гуфта мешавад, дар сурати бетағйир мондан, ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ба иҷро медарояд ва ду рӯзноманигорро аз боздоштгоҳ ба зиндон хоҳанд бурд.

Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар пайи як амалиёти махсуси мақомот ҳамроҳи чанд рӯзноманиги дигар боздошт шуда буданд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ рӯзи 4-уми октябр ба ҳамла ва таҳқири намояндаи ҳокимият ва узвият дар гурӯҳҳои мамнуъ айбдор ва ба 7, 5 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот Далери Имомалиро 17-уми октябри соли ҷорӣ ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари дурӯғ ва узвият дар созмонҳои мамнуъ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон карданд. Ин ду рӯзноманигори шинохта иттиҳомоти мақомотро рад карда буданд. Ҳатто созмонҳое, ки ба узвият дар онҳо муттаҳам мешаванд, аз ҷумла ҲНИТ ва “Гурӯҳи 24” ҳамкорӣ бо ин рӯзноманигоронро рад карданд.

Ҳамсарони Абдуллоҳ ва Далер ба Президент нома навишта, хостори озодии наздиконашон шуда буданд.

Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар пайи як амалиёти махсус шуморе аз рӯзноманигорон ва блогероне, ки каму беш аз мушкилоти мардум мегуфтанд ва камбуди фаъолияти масъулонро фош мекарданд, боздошту бо баҳонаҳои сохта барои солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карданд.

Дар пайи зиндонӣ кардани рӯзноманигорони тоҷик аксари созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва ҳомиёни рӯзноманигорон садо баланд карда, озодии онҳоро аз мақомоти кишвар талаб карданд. Аммо мақомот ин гуфтаҳои созмонҳоро мисли ҳамеша нодида гирифт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Занони ҷавони тоҷикро ба Русия барои танфурӯшӣ ҷалб мекард

Як зани 45-солаи тоҷик бо иттиҳоми фиреби ҷавондухтарон бо ваъдаи касби пул ва даъвати онҳо ба Русия барои танфурӯшӣ боздошт шуд.

Тағйироту ҷойивазкунии мақомдорон ва ғиёби Ятимов

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон дар вазорату идораҳои сохторҳои қудратӣ тағйирот анҷом дод.

Вазъи вахими Хушом Ғулом дар зиндон

Вазъи саломатии блогер ва зиндонии сиёсӣ Хушом Ғулом (Хушрӯз Ҷумъаев) дар маҳбас бад шуда, ба ҷарроҳӣ ниёз дорад.

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ҷони 5 нафарро гирифт

Рӯзи гузашта дар пайи як ҳодисаи нохуши бархурди мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 нафар ҷон бохтанд.