3.9 C
Dushanbe

Боздошти муҳоҷими сафорати Покистон дар Афғонистон

Толибон аз боздошти нафаре хабар додаанд, ки иддао мешавад, вай се рӯз пеш ба сӯи сафорати Покистон дар Кобул тирандозӣ карда буд.

Имрӯз, 5-уми декбари соли 2022, Забеҳуллоҳи Муҷоҳид, сухангӯи расмии Толибон дар саҳифаи Твиттраш аз боздошти шахсе хабар дода, ки иддао мешавад, вай дар рӯзи ҷумъаи 2-уми декабри соли ҷорӣ сафорати Покистонро дар Кобул тирборон карда буд.

Ба қавли сухангӯи Иморати исломии Афғонистон, ин ҳамла бо ҳадафи иҷоди “фазои бебоварӣ байни ду кишвари бародар (Афғонистон ва Покистон) сурат гирифта ва “фарди боздоштшуда шаҳрванди хориҷӣ ва узви гурӯҳи ДИИШ аст ва дар ҳамсӯӣ бо бағоватгарон ин ҳамларо анҷом додааст.”

Толибон нерӯҳои мухолифи Иморати исломӣ худ дар Афғонистонро “бағоватгар” меноманд ва иддао доранд, ки бо нерӯҳои ДИИШ сарсахтона мубориза мебаранд, аммо хеле аз корбарони афғонистонӣ ин иддаоҳои онҳоро зери суол бурда, ва ҳамла ба сафорати Покистонро кори дасти худи Толибон медонанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷимон рӯзи ҷумъа кордори сафорати Покистон дар Афғонистон мавриди ҳадаф қарор дода буданд, вале вай аз ин ҳамла ҷон ба саломат бурд, вале як муҳофизаш захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ гардида буд. Ин ҳамларо Нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф маҳкум ва хоҳони бархӯрди шадиди бо омилони он шуда буд.

Толибон 15-уми августи соли 2021 бо фирори собиқ президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ пас аз 20 сол дубора Кобулро ба тасаррафи худ дароварданд ва бо гузашти қариб 18 моҳ то ҳол касе дар дунё ҳукумати онҳоро дар Афғонистон ба расмият нашинохтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мавқеи Узбекистон дар радабандии ҷаҳонии низомӣ боло рафтааст, аз Тоҷикистон чӣ?

Узбекистон мавқеи худро дар радабандии ҷаҳонии қудрати низомӣ "Global...

Соли 2025 истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон афзоиш ёфт, вале чаро “лимит” сахттар шуд?

Мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши 7-% истеҳсоли нерӯи барқ дар соли 2025 хабар медиҳанд, ки тибқи омори расмӣ ҳаҷми умумии он ба 24 млрд кВт·соат расидааст.

Кордзанӣ байни хонандагон мақомоти Кӯлобро нигарон кардааст

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон 23-юми январ ба хотири пешгирӣ аз муноқишаҳои ҳалокатбори хонандогон дар шаҳри Кӯлоб "Рӯзи мактаб" баргузор кард.

Тоҷикистон шомили даҳгона кишварҳое шуд, ки рӯзноманигоронро зиндонӣ кардаанд

Тибқи гузориши Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон (CPJ) то...