Мулоқоти намояндаи СММ бо Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ

Гузоришгари вежаи Созмони Миллали Муттаҳид дар бораи ҳомиёни ҳуқуқ Мэри Лаулори дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо рӯзноманигорони зиндонӣ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ вохӯрӣ кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “Азия-Плюс”, ин мулоқот ҳафтаи ҷорӣ доир гаштааст. Аммо тафсилоти ин мулоқот нашр нашудааст. Вале гуфта мешавад, ки рӯзноманигорон ба Гузоришгари СММ гуфтаанд, ки боздошти онҳо ба хотири фаъолияти рӯзноманигорияшон аст ва ҳаукми додгоҳро эътироф намекунанд.

Як ҳайати Гузоришгари вежаи СММ ба ин расона баргузор шудани вохӯриро таъйид карда, афзудааст, ки фардо, 9-уми декабр дар дафтари СММ дар Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад ва аз додани тафсилот худдорӣ кардааст.

“Манбаи мо аз қавли гузоришгарони СММ гуфт, зимни суҳбат Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ аз вазъи саломатии худ шикоят накардаанд ва танҳо гуфтаанд, наздиконашонро пазмон шудаанд.”, омадааст дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва Далери Имомалӣ аз намояндаи вежаи СММ хостаанд, ки барои нигаҳдорӣ ҳардуро ба як ҳуҷра бигузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки сафари кории Гузоришгари вежаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳомиёни ҳуқуқи инсон Мэри Лоулор ба Тоҷикистон аз 28-уми ноябр оғоз шуда, то 9-уми декабр идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, Мэри Лоулор дар ин сафараш ба Тоҷикистон вазъи ҳомиёни ҳуқуқи башар, ҳамчунин мавзӯҳои муҳим ва мушкилоти ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ мекунад.

 

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...