12.9 C
Dushanbe

Ҳутели чиниҳо дар Кобул мавриди ҳамла қарор гирифт

Дар минтақаи шаҳри нави Кобули Афғонистон баъд аз зуҳри имрӯз, 12-уми декабр дар ҳутели баландошёнае таркиш рух дода, пас аз он садои тирпаронӣ низ шунида шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳои афғонистонӣ, нафарони номаълум дар шаҳри Кобул ба як ҳутеле, ки шаҳрвандони чинӣ онҷо зиндагӣ мекардаанд, юриш бурдаанд.

То ҳол аз талафоти ҷонӣ ва захмӣ шудани шаҳрвандони чинӣ ва ё афғонистонӣ иттилооте нашр нашудааст. Аммо Холид Зидрон, сухангӯи пулиси Кобул ба расонаҳо ҳамларо ба ин ҳутел таъйид карда, аммо аз ҷониби кӣ ва кадом гурӯҳ сурат гирифтани ин ҳамла тафсилоте надодааст.

Ин ҳамла дар ҳоле сурат мегирад, ки чанд рӯзи ахир шаҳрвандон ва дипломотҳои чинӣ аз набудани амният эҳсоси хатар карда буданд.

Гуфта мешавад, рӯзи гузашта сафири Чин дар Кобул Вонг Ю бо Шермуҳаммад Истонекзай, ёвари сиёсии Вазорати хориҷаи Толибон дидор карда, хостори таваҷҷуҳи бештар ба таъмини амнияти сафорати Чин дар Кобул шуд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Истеъфои як мақомдори баландпояи амрикоӣ дар эътироз ба ҷанг алайҳи Эрон

Директори Маркази миллии зиддитеррористии ИМА Ҷозеф Кент 17-уми марти соли ҷорӣ ба сабаби ворид шудани Амрико ба ҷанг алайҳи Эрон аз вазифаи худ истеъфо дод.

Ихроҷи муҳоҷирон дар Русия бештар мешавад?

Ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни наверо омода кардааст, ки сиёсати муҳоҷиратиро дар ин кишвар ба таври ҷиддӣ сахттар мекунад.

Исроил мегӯяд, Алӣ Лориҷонӣ дар пайи як ҳамла кушта шудааст

Артиши Исроил эълон кард, ки Алӣ Лориҷонӣ, Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эронро дар як ҳамлаи ҳавоӣ ҳадаф қарор додааст.

Шӯрои уламои Тоҷикистон рӯзи баргузории Иди Фитрро эълон кард

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 17-уми март дар ҷаласаи навбатии худ рӯзи баргузории Иди саиди Фитрро эълон кард.